««ТОҶИКОН» – ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Дар он чор нафар сазовори «Шоҳҷоиза» гардид

Декабрь 1, 2023 17:05

ДУШАНБЕ, 01.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни  ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» доир гардида, дар он чор нафар сазовори  «Шоҳҷоиза» шуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории  ин маросим.

Аз ҷумла, хонандаи синфи 10-и Гимназияи рақами 1-и шаҳри Бохтар  Мирмуҳсин Мирдодоев, донишҷӯйи курси чоруми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шоира Давлатзода, омӯзгори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Навраста Дӯстова ва сарбоз аз ноҳияи Данғара Ҳасани Назар ба гирифтани Шоҳҷоизаи озмун мушарраф гардиданд.

Дар маросими ифтитоҳи озмун муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси комиссияи озмун Матлубахон Сатториён сухан гуфта, баргузории озмунро ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дар рушди тафаккури миллӣ ва дарки таъриху фарҳанги ниёгон амри зарурӣ донист. Озмун соли якум аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад.

Ëдовар мешавем, ки озмун аз 24 то 28 ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардида, дар даври чоруми он 115 нафар довталаб иштирок намуданд. Аз ҷумла, аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  19 нафар, вилояти Хатлон- 24 нафар, вилояти Суғд- 24 нафар, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 24 нафар ва аз шаҳри Душанбе 24 нафар иштирок намуданд.

Ҳадаф аз баргузории озмун- арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони халқамон давоми таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, мебошад.

Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳир САИД (АКС),

АМИТ Ховар

Декабрь 1, 2023 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад