Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо сафирони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Осиёи Марказӣ мулоқот намуд

Декабрь 29, 2023 16:56

ДУШАНБЕ, 29.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон Алимирзамин Аскеров, Ҷумҳурии Беларус Виктор Денисенко, Ҷумҳурии Қазоқистон Валихан Туреханов, Федератсияи Русия Семён Григорев ва Ҷумҳурии Узбекистон Эргаш Шоисматов дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

 Зимни мулоқот Вазири корҳои хориҷӣ бо таъкид ба рушди рӯзафзуни муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо ин давлатҳо онҳоро яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуд.

Ҷонибҳо оид ба натиҷаҳои асосии соли сипаришуда, инчунин нақшаву ҳадафҳо барои дурнамо табодули афкори судманд анҷом доданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 29, 2023 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд