Ёдгории таърихию фарҳангии Қалъаи Ҳисор дили меҳмонони чиниро тасхир намуд

Декабрь 9, 2023 09:47

ДУШАНБЕ, 09.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати намояндагони мақомоти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи сафар ба Тоҷикистон бо Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии шаҳри Ҳисор шинос шуданд. Аз Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия»-и Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки тамошои мамнуъгоҳ, бахусус Арк, Аскархона, Амфитеатр, Қасри Ҳоким, дӯконҳои ҳунармандӣ ва растаҳои фурӯши армуғонҳо барои меҳмонон хеле диққатҷалбкунанда буд.

Роҳбалади Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии шаҳри Ҳисор ба меҳмонон оид ба таърихи сеҳазорсолаи Ҳисори шодмон маълумот пешниҳод намуд. Назди ҳар як раста, ки аз асри куҳан, диловарию шуҷоат ва ҳунармандии миллати тоҷик шаҳодат медиҳад, меҳмонони чинӣ акс бардошта, аз ҳунари дастии заргарону гулдӯзон ва кандакорон ба ваҷд омаданд.

Мамнуъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Ҳисор яке аз намунаҳои қадимаи санъати меъмории халқи тоҷик буда, дорои ёдгориҳои таърихии Қалъаи Ҳисор, Мадрасаи Кӯҳна, Мадрасаи Нав, Мақбараи Кӯҳна, Дарвозаи Арк, Масҷиди Сангин, Мақбараи Махдуми Аъзам, Корвонсарои Хиштин, Мадрасаи Чашмаи Моҳиён, Масҷиди Одина ва Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии Ҳисор мебошад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ бо ибтикор ва талошҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таърих, маданият, фарҳанг ва ёдгориҳои таърихии халқу мамлакат таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, дастовардҳои мардумамон дар қарнҳои гузашта дар шакли китобу муҷассама ва ҳунарҳои дастӣ имрӯз ба насли нав пешкаш гардидааст. Ба феҳристи ёдгориҳои ЮНЕСКО дохил шудани Қалъаи Ҳисор ҳамчун маркази таърихӣ нишоне аз қадршиносии Пешвои миллат мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки ҳайати намояндагони мақомоти авиатсионии Чин ҷиҳати иштирок дар нишасти 4-уми техникии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ва Бюрои ташкили ҳаракати ҳавоии Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ифтитоҳи долони нави ҳавоӣ ва ҳамоҳангсозии Созишномаи ҳамкорӣ байни марказҳои ноҳиявии Душанбе ва Урумчӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада буд.

АКС: КВД «Тоҷикаэронавигатсия»

Декабрь 9, 2023 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд