10 хонандаи тоҷик дар Олимпиадаи бистуми ҷашнии Жаутикови Қазоқистон ғолиб гардиданд

Январь 15, 2024 14:54

ДУШАНБЕ, 15.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Қазоқистон Олимпиадаи бистуми ҷашнии Жаутиков (IZhO-2024) ҷамъбаст ва ғолибони ин олимпиадаи байналмилалӣ дар соли 2024 маълум гардиданд. Дар байни онҳо 10 хонандаи тоҷик низ ҳаст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ.

Дар даври ниҳоии озмун аз байни 600 иштирокчӣ аз 16 давлат дар  қатори дигар ғолибон номи 10 хонандаи тоҷик низ садо дода, Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсаф дар самти илмҳои дақиқ муаррифӣ гардид.

Ин олимпиадаи байналмилалӣ 20 сол боз ҳамасола аз фанҳои математика, физика ва технологияи иттилоотӣ баргузор шуда, давоми чанд соли охир ғалабаи 10 хонандаи тоҷик дар он натиҷаи беназир аст.

Чунин дастовард на танҳо нуфузи низоми маорифи ҷумҳуриро баланд мебардорад, балки аз иштироки Тоҷикистон дар чорабиниҳои муҳимми илмию маърифатии байналмилалӣ огоҳӣ медиҳад.

АКС: Вазорати маориф ва илмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 15, 2024 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд