31 январ нишасти матбуотии Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Агентии авиатсияи гражданӣ ва Хадамоти алоқа баргузор мегардад

Январь 30, 2024 13:31

ДУШАНБЕ, 30.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. 31 январ Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия», Ҷамъияти саҳомии кушодаи  «Тоҷик Эйр», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2023 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотӣ дар Хадамоти алоқа соати 08:00 (хиёбони Рӯдакӣ, 57, ошёнаи 2)  баргузор мешавад.

Нишасти матбуотии Агентии авиатсияи гражданӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия», Ҷамъияти саҳомии кушодаи  «Тоҷик Эйр», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» соати 09:00 дар  маҷлисгоҳи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе баргузор мешавад.

Дар Кумитаи бехатарии озуқаворӣ нишасти матбуотӣ соати 10:00 доир мегардад.

Нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон соати 09:00 баргузор мешавад.

Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ соати 14:00 гузаронида мешавад.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.

Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 30, 2024 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд