35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Маҷмааи замонавии «Кайҳон» бунёд карда мешавад
ДУШАНБЕ, 16.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмони Маҷмааи зебову замонавии «Кайҳон», ки аз меҳмонхона ва ошхонаву тарабхона иборат аст, инчунин коргоҳи дӯзандагӣ бомаром идома дорад.
Ин иншоот ба боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон, ҳамзамон саҳм гузоштан дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва ба ин васила ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ равона шудаанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуот ва робита бо ҷомеаи ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» хабар медиҳад.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифат ва маданияти хизматрасонӣ ба мусофирон, таъмини сатҳи баланди бехатарии авиатсионӣ ва бехатарии парвозҳо, бахусус мутобиқ намудани фурудгоҳ ба талабот ва стандартҳои байналмилалӣ корҳои зиёде анҷом дода шуданд.
Бо бунёду таъмири аэродром, мумфаршнамоии пурраи хати фуруд ва парвоз, бунёду навсозии бинои маъмурӣ, мавриди истифода қарор гирифтани биноҳои гуселу қабули мусофирон (аэровокзал) ва саҳни барҳавои фурудгоҳ, ки дорои чандин фаввора, ҳайкали «Дуои модар», лавҳаҳои қаҳрамонони Тоҷикистон аст, насби тайёра дар саҳни фурудгоҳ, гулу буттаҳо ва дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шаклу намои Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд бамаротиб дигаргун гардид.
Дар баробари бунёду навсозии биноҳои зиёди маъмуриву хизматрасонӣ давоми солҳои охир хизматрасонӣ ба мусофирон беҳтар гардида, соли гузашта беш аз як миллион мусофир аз ин фурудгоҳ истифода намудаанд.
Ёдовар мешавем, ки Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд дорои гармхонаҳои зиёде мебошад, ки дар онҳо гулҳои ороишӣ парвариш меёбанд. Дар баробари зебу оро додани саҳну роҳрав ва гулгаштҳои биноҳои фурудгоҳ гулҳои ин гармхонаҳо майдону хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакатро низ зебу оро мебахшанд.
АКС: Маркази матбуот ва робита бо ҷомеаи ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд»








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






