35 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот дар ноҳияи Ховалинг бозори замонавӣ месозад
ХОВАЛИНГ, 23.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлуботи ҷумҳурӣ бозори марказии ноҳияи Ховалинг пурра навсозӣ мегардад. Дар ин хусус директори бозори марказии ноҳия Айнулло Сафаров ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Ба иттилои Айнулло Сафаров, «сохтмони бозори марказӣ аз ҷониби Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлуботи Тоҷикистон соли гузашта оғоз гардида, ҳоло беш аз 80 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидаанд. Ба ҳар соҳибкоре, ки дар ин бозор пештар фаъолияти соҳибкорӣ дошт, нуқтаи савдои болопӯшида ва мағозаи замонавӣ бо тарҳи муосир дода мешавад. Ҳар савдогар метавонад, ки дар дилхоҳ фасли сол бе мушкилӣ дар дохили мағозаи болопӯшида ба савдо машғул шавад».
Изҳор гардид, ки дар дохили бозор 110 мағозаи хурд, 24 нуқтаи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ ва 12 ҷойи нишасти болопӯшида барои фурӯши меваву сабзавот омода шудааст.
Инчунин бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва мардони саховатпешаи ноҳияи Ховалинг дар назди бозор марказҳои савдо ва нуқтаҳои фурӯши замонавӣ, ки аз 2 ошёна иборат мебошанд, сохта мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






