Ҳақан Фидан: «Туркия ва Тоҷикистон робитаҳои қавӣ ва устувор доранд»
ДУШАНБЕ, 10.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, амният, маориф ва сайёҳӣ баррасӣ гардиданд», — иброз намуд пас аз мулоқот бо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Ҳақан Фидан имрӯз дар Душанбе.
Ба гуфти Ҳақан Фидан, «Туркия ва Тоҷикистон робитаҳои қавӣ ва устувор доранд, ки солҳои дароз идома доранд. Бар асоси ин, мо тасмим гирифтем, ки муносибатҳои ду давлатро дар ҳама самтҳо ва соҳаҳо бо ташаббус ва иродаи муштараки сарони давлатҳо густариш диҳем».
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Ҳақан Фидан тазаккур дод, ки дар вохӯриҳои имрӯза роҳҳои иштироки тоҷирони турк дар амалисозии лоиҳаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ баррасӣ шуданд. «Аз ҷумла, мо имкон доштем, ки масъалаҳои маблағгузорӣ ва сармоягузории баъзе лоиҳаҳоро муфассал матраҳ намоем»,- гуфт ӯ.
«Ҳамкорӣ дар соҳаи маориф низ як бахши муҳими мулоқоти имрӯза буд, — гуфт Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Ҳақан Фидан ва таъкид намуд, ки мо нақша дорем бештари донишҷӯёни тоҷик дар Туркия таҳсил намоянд ва дар ин замина дархост аз ҷониби Тоҷикистон вуҷуд дорад».
Иброз гардид, ки дар мулоқот доир ба масъалаи муносибатҳои дуҷониба, инчунин минтақавӣ ва амниятӣ, аз ҷумла вазъи сиёсӣ дар Афғонистон табодули афкор доир шуд.
Ҳақан Фидан таъкид намуд, ки интизор меравад соли равон Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф орад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад
Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд






