Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Олмон 183 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 12.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии мутақобила бо Олмон дар соли 2023 60 фоиз афзуда, 183 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар ин хусус зимни вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграф иттилоъ дода шуд.
Таъкид гардид, ки таҳти сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Канслери федеролии Олмон Олаф Шолтс муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии ду давлат ба сатҳи сифатан нав баромаданд.
Дар доираи вохӯрӣ ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ, аз ҷумла ҷалби маблағҳои грантӣ барои татбиқи Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 ва лоиҳаҳои соҳаи иқтисоди рақамӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, бахусус дар самти истеҳсоли таҷҳизоти электронӣ дар Тоҷикистон, инчунин татбиқи лоиҳаҳо барои пешгирии оқибатҳои манфии офатҳои табииро муҳокима намуданд.
Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ аз ҷониби олмонӣ дархост ба амал овард, ки маблағгузорӣ ба соҳаи иқтисоди миллӣ, аз ҷумла саноатикунонӣ, энергетика, тақвияти иқтидори содиротӣ, рушди иқтисоди «сабз» ва рақамӣ, маориф, тандурустӣ ва сайёҳиро бештар намоянд, ки хуш пазируфта шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам тақвият додани ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои иброзгардида баён намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид






