Ҳарорат дар Санкт-Петербург дар 74 соли охир ба ҳадди пасттарин расид
ДУШАНБЕ, 05.01.2024 /АМИТ Ховар/. Субҳи 4 январ дар маркази Санкт-Петербург ҳарорати ҳаво нахустин маротиба дар 74 соли охир то 25,3 дараҷа паст шуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус саробуҳавошиносии шаҳр Александр Колесов дар канали Telegram-и худ хабар додааст.
Ба гуфтаи мутахассис, то ин вақт рекорд аз соли 1950 нигоҳ дошта мешуд, ҳангоме ки 4 январ дар Ленинград ҳарорати ҳаво то 25,3 дараҷа паст шуда буд.
Александр Колесов ишора намуд, ки 4 январ ҳарорат дар тамоми минтақаи Санкт-Петербург 25 дараҷа хунук, дар атроф- самти ҷануб ва шарқи шаҳр 28 дараҷа сардиро ташкил дода, дар шимолу шарқи вилояти Ленинград то 36 дараҷа поён рафтааст.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






