Чин барои дастгирии таҷдиди инфрасохтор 4,2 миллион доллар ҷудо намуд
ДУШАНБЕ, 30.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи давлатии рушд ва ислоҳоти Чин, ки бо банақшагирии иқтисодӣ машғул мебошад, эълон намуд, ки барои дастгирии таҷдиди инфрасохтор ва барқарорсозии хизматҳои ҷамъиятӣ дар ноҳияҳои вилояти Юннани ҷанубу ғарби кишвар, ки аз сел зарар дидаанд, тақрибан 4,22 миллион доллар ҷудо менамояд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии БелТА иттилоъ медиҳад, дар ин хусус агентии «Синхуа» хабар додааст.
22 январ дар уезди Чжэнсюни шаҳри Чжаотун ярч фаромад, ки сабаби талафоти ҷонӣ ва зарари ҷиддии моддӣ гардид. Тибқи маълумоти охирини мақомоти маҳаллӣ, шумораи ҳалокшудагон ба 44 нафар расид.
Корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот асосан ба анҷом расида, 918 нафар аз 223 хонавода ба минтақаҳои бехатар кӯчонида шуданд.
АКС: «Синхуа»








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






