Чин вуруди хориҷиёнро осон менамояд
ДУШАНБЕ, 12.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Чин қоидаҳои вурудро барои як зумра хориҷиён содатар менамояд. Дар ин хусус дар нишасти матбуотӣ директори Раёсати давлатии кор бо хориҷиён дар идораи давлатии муҳоҷирати Чин Мао Сюй изҳорот додааст, иттилоъ медиҳад агентии иттилоотии “Kazinform” бо истинод ба ТАСС.
Тавре иброз гардид, хориҷиёне, ки ба муддати кӯтоҳ барои иштирок дар корҳои ғайридавлатӣ, масалан бо мақсади ҳамкории тиҷоратӣ, соҳибкорӣ, дидани хешовандон, тамошои ҷойҳои ҷолиб барои сайругашт ё пешбурди корҳои шахсӣ ба Чин меоянд, агар асоси қонунӣ дошта бошанд, пас метавонанд барои тамдид, иваз ва дубора додани раводид ба мақомоти маъмурияти муҳоҷират, ки ба маҳалли будубош наздиктарин аст, муроҷиат намоянд.
Тадбирҳои нав инчунин дидани Чинро дар муддати кӯтоҳ барои мулоқот бо хешовандон осонтар мегардонад.
Мао Сюй инчунин илова намуд, ки бо шарофати такмили технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаи идоракунии муҳоҷират раванди қабул ва баррасии дархостҳо минбаъд содатар мешаванд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: pixabay.com








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






