Дар доираи татбиқи лоиҳа дар ноҳияи Ҳамадонӣ кӯдакистони замонавӣ бунёд мешавад
ДУШАНБЕ, 20.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бонки ҷаҳонӣ дар доираи Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон» — и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ муассисаи томактабии шакли нав барои ҷалби кӯдакон ба таҳсил бо шароити наву замонавӣ бунёд менамояд.
Тавре масъули Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Строй — Сентр», ҳамзамон масъули сохтмони кӯдакистон Абубакр Шарифов дар суҳбат ба АМИТ «Ховар» гуфт, сохтмони кӯдакистон бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ моҳи августи соли 2023 оғоз гардида, барои 150 кӯдак пешбинӣ шуда, аз ҷумла 80 кӯдаки аз 2 то 5-сола ва 70 кӯдаки синни томактабиро фаро мегирад.
Бояд ёдовар шуд, ки кӯдакистон дар маркази ноҳияи Ҳамадонӣ, дар шафати бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1- и ноҳия мустақар буда, бахшида ба ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад. Алҳол таҳкурсии бино пурра ба анҷом расида, корҳои хиштчинӣ дар бинои аввали он оғоз гардидаанд. Бинои кӯдакистон аз 2 ошёна ва 12 бинои ёрирасон, инчунин ҷойи бозии кӯдакон иборат буда, бо ҳама шароити зарурӣ бунёд мешавад. Ба корҳои сохтмонӣ 35 сокини маҳаллӣ ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин мебошанд.
Аз шуъбаи маорифи ноҳия иттилоъ доданд, ки алҳол дар ҳудуди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 5 кӯдакистон бо фарогирии 420 кӯдак амал менамояд, ки дар онҳо 21 мураббия ба таълиму тарбияи кӯдакон машғул мебошанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид






