Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Озмоишгоҳи таълимию табобатӣ ва ҳуҷраи безараргардонӣ ифтитоҳ ёфт

Январь 8, 2024 11:26

ДУШАНБЕ, 08.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати дар амал татбиқ гардидани  «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои ихтисосҳои дандонпизишкӣ ду синфхонаи таълимӣ, Озмоишгоҳи таълимию табобатӣ ва ҳуҷраи безараргардонӣ барои кафедраи стоматологияи ортопедия ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй мавриди истифода қарор дода шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллӣ.

Зимни ифтитоҳи синфхонаю озмоишгоҳи нави таълимӣ ва синфхонаи камераҳои назоратӣ роҳбарияти сохторҳои гуногуни донишгоҳ иштирок намуданд.

Зимни ифтитоҳ ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода ба садорат ва масъулини факултет дар самти дуруст амалӣ мондани корҳои таълимию методӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб тавсияҳои судманд дод.

Иттилоъ дода шуд, ки дар озмоишгоҳ 6 дастгоҳи стоматологӣ бо курсии стаматологии ширкати «Apple», мизи кории табибон, ҷевон барои доруҳо ва ҳуҷҷатҳо, дастгоҳи визиограф барои ташхиси рентгенологии дандонҳо, дасгоҳи скалери ултрасадоӣ ва аэрофло барои тозакунӣ ва сафедкунии дандонҳо, дастгоҳҳои эндомотор ва микроматор барои пармакунии дандонҳо, дастгоҳи апекслокатор барои чен намудани дарозии дандон мавҷуд аст.

Дар ҳуҷраи безараргардонӣ дастгоҳҳои автоклав барои безараргардонии асбоби стоматологӣ, ҷевони безараргардонии барқӣ, дистилятор ва дастгоҳ барои тоза намудан ва молидани равған ба пайканакҳои дастгоҳи стаматологӣ ва ғайра ҷойгир шудааст.

Дар ҳуҷраҳои безараргардонӣ ва озмоишгоҳҳои таълимию табобатӣ тамоми намуди асбоби стаматологӣ барои табобати бемориҳои бофтаҳо, сохти дандонҳо ва пардаи луобии даҳон омода намуда  шудааст. Дар ҷевон доруҳо барои табобат, масолеҳ барои пломбакунии дандонҳо ва дигар намуди асбоб барои гузаронидани дарсҳои амалӣ омода шудаанд.

Баъд аз ифтитоҳи ин марказҳо ректори донишгоҳ дар вохӯрӣ бо устодону кормандони факултети тиббӣ масъулинро вазифадор намуд, ки ҷиҳати беҳтар гардонидани фаъолияти синфхонаву озмоишгоҳ ва иҷрои корҳои илмӣ-таълимӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, фаъолияти онро назаррас амалӣ намоянд. Синфхонаҳои таълимӣ, Озмоишгоҳи таълимию табобатӣ ва ҳуҷраи безараргардонӣ барои муҳассилини ихтисоси дандонпизишкии факултети тиббӣ имконияти бештари омӯзишро фароҳам месозад.

Ёдовар мешавем, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 31 январи соли 2020 дар мамлакат «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) эълон гардидааст.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Январь 8, 2024 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид