Дар Душанбе оид ба густариши муколамаи фарҳангҳо, таҳкими дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар «Оилаи Созмони ҳамкории Шанхай» ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 19.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Густариши муколамаи фарҳангҳо, таҳкими дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар «Оилаи Созмони ҳамкории Шанхай» — таҳти ин унвон дар Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши фарҳангию маърифатӣ доир шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Академияи идоракунии давлатӣ хабар доданд, ҷамъомад ба ҷамъбасти фаъолияти солонаи Марказ бахшида шуда, дар он Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон, сафирони фавқулода ва мухтори мамлакатҳои аъзо иштирок ва сухан намуданд.
Таъкид гардид, ки дар муддати се соли фаъолият Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон дар таҳкими ҳамкории байни давлатҳои «Оилаи Созмони ҳамкории Шанхай» саҳми арзанда гузошта, ба он аз ҷониби намояндагиҳои дипломатии мамлакатҳои «Оилаи Созмони ҳамкории Шанхай» дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Дар робита ба ин изҳори умедворӣ гардид, ки татбиқи минбаъдаи барномаҳо ва лоиҳаҳои муштарак аз ҷониби Марказ, аз ҷумла дар самти фарҳангию гуманитарӣ ба тарғиби мероси бойи таърихию фарҳангии давлатҳои аъзои созмон такони иловагӣ мебахшад ва ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ дар фазои Авруосиё мусоидат менамояд.
Дар ҷамъомад барномаи консертии «Даҳ нотаи ҷодувона» бо иштироки ҳунармандони ҷавону соҳибистеъдоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ва Академияи идоракунии давлатӣ намоиш дода шуда, аз ҷониби ҳозирин баҳои баланд гирифт.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон











Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Ҳайатҳои иштирокчии ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф меоранд
Сарвазири Шурои давлатии Чин барои ҳамкории босифат бо Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» изҳори омодагӣ намуд
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои СҲШ доир гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ иштирок намуданд






