Дар Хатлон Озмуни онлайнии «Вассофи омӯзгор» доир мегардад

Январь 21, 2024 08:57

ДУШАНБЕ, 21.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби идораи Рӯзномаи «Хатлон» ва Раёсати маорифи вилояти Хатлон озмуни онлайнии «Вассофи омӯзгор» ташкил шуд, ки барои беҳтарин қироати онлайнии шеър ва хониши адабӣ дар ситоиши омӯзгор гузаронида мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Рӯзномаи «Хатлон».

Ҳадафи аслии баргузории озмун- муаррифӣ ва ситоиши омӯзгору мураббӣ, бузургӣ, нақш ва мақоми мондагори омӯзгор дар ташаккул ва рушди ҷомеа мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» мақоми омӯзгорро дар ҷомеа баланд ва махсус арзёбӣ намуданд.

Таҷассуми муҳаббати шогирд ба устод, дӯст доштан, эҳтиром намудан, арҷгузорӣ ба ранҷу заҳмат ва мақому манзалати омӯзгор аз ҷумлаи ҳадафҳои озмун мебошад.

Дар озмуни беҳтарин қироати онлайнии шеър ва хониши адабӣ дар ситоиши омӯзгор маводи видеоӣ дар ҳаҷми на бештар аз 3 дақиқа дар намуди 16:9, бо ишора ба муаллифи шеър (тарона, лавҳа) ва нишон додани ному насаби ровӣ, фаъолият ё машғулияти довталаб қабул  мешаванд.

Ғолибони озмун бо Диплом ва мукофотҳои арзишманд дар арафаи Рӯзи омӯзгор қадрдонӣ мешаванд.

Довталабон метавонанд маводи видеоиашонро тариқи Ватсап (+992 900-10-84-60) ва Телеграм (+992 918-56-29-00) ирсол намоянд.

АКС: Рӯзномаи «Хатлон»

Январь 21, 2024 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
«Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба нақши осори Саттор Турсун дар адабиёти муосири тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» то 1 апрел идома меёбад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид