Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ду созишнома ба тасвиб расид
ДУШАНБЕ, 10.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд, дар иҷлосия Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Арвис» оид ба таъсис додани корхонаҳо, сохтан ва ба кор даровардани иншооти ҳар силсилаи алоҳидаи истеҳсолу коркарди нахи пахта то ба даст овардани маҳсулоти ниҳоӣ ва Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Сантайлс» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли маснуоти гилию сафолӣ, маснуот аз бетону семент ва истеҳсоли оҳак аз ҷониби вакилони Мачлиси намояндагон ба тасвиб расонида шуд.
Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Арвис» оид ба таъсис додани корхонаҳо, сохтан ва ба кор даровардани иншооти ҳар як силсилаи алоҳидаи истеҳсолу коркарди нахи пахта то ба даст овардани маҳсулоти ниҳоӣ 8 декабри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шуда, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Тибқи лоиҳа, бо мақсади рушди соҳаи нассоҷӣ, рушди иқтидори истеҳсолӣ, афзоиши иқтидори содиротӣ дар ҳудуди мамлакат таъсис додани корхонаҳо, сохтан ва ба кор даровардани иншооти ҳар як силсилаи алоҳидаи истеҳсолу коркарди нахи пахта то ба даст овардани маҳсулоти ниҳоӣ, аз қабили корхонаҳои пахтатозакунию ресандагӣ, бофандагию дӯзандагии аз лиҳози экологӣ безарар пешбинӣ гардидааст.
Тасдиқи ин созишнома, дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаҳои кишоварзӣ ва саноат, афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, воридоти технологияи муосир, ҷалби сармоягузории мустақими дохилӣ ва хориҷӣ, инчунин ба таъсиси ҷойҳои нави кории доимӣ мусоидат менамояд.
Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Сантайлс» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли маснуоти гилию сафолӣ, маснуот аз бетону семент ва истеҳсоли оҳак 8 декабри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шуда, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Тибқи лоиҳа, бо мақсади рушди соҳаи саноат, таҳкими иқтидори содиротии мамлакат, воридоти технологияи муосир, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, инчунин таъсиси ҷойҳои кории нави доимӣ, дар ҳудуди шаҳри Душанбе бунёд намудани корхонаи истеҳсоли маснуоти гилию сафолӣ, маснуот аз бетону семент ва истеҳсоли оҳаки аз лиҳози экологӣ безарар пешбинӣ шудааст. Лоиҳа дар ду марҳила амалӣ мегардад.
Марҳилаи якуми лоиҳа аз рӯзи оғози корҳо, аз ҷумла интихоби майдони сохтмон, таҳияи асноди сохтмонӣ, сохтмон ва васлу насби маҷмааи иншооти техникӣ, дастгоҳу таҷҳизот барои истеҳсоли маснуот ва марҳилаи дуюм шуруъ аз санаи оғози истеҳсол то рехтан ва бастабандии маҳсулот, фурӯшу содироти онро дар бар мегирад.
Масъалаҳои рӯзномаро ба вакилони Маҷлиси намояндагон муовини аввали Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо, вакилони мардумӣ Рустам Раҳматзода ва Комрон Исмоилиён муаррифӣ намуданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир шуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси аш — Шурои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Раиси Агентии рушди сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо устодону донишҷӯён доир гардид
Ба омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон расонида шуд
Ба сокинони ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод ва Ховалинг Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода ба сокинони Рашт нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистонро шарҳ дод
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон доир шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон доир шуд
Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон оғоз гардид
Ба «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» тағйиру илова ворид карда шуд






