Дар Колумбия бинобар падидаи иқлимии Ал-Нино давоми як сол низоми ҳолати фавқулода ҷорӣ гардид
ДУШАНБЕ, 30.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Колумбия Густаво Петро бинобар падидаи иқлимии Ал-Нино дар бораи ба муддати як сол ҷорӣ намудани ҳолати фавқулода фармон ба имзо расонд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус хадамоти матбуоти маъмурияти сарвари давлат хабар додааст.
Тавре ки маъмурияти президент муайян менамояд, муҳлати амали фармон 12 моҳ аст. Ин тадбир имкон медиҳад, ки барои бартараф намудани оқибатҳои офат маблағҳои иловагии буҷетӣ ҷудо шаванд.
Бояд гуфт, ки дар минтақа чанд моҳ аст ҳавои ғайримуқаррарии гарм сабт шудааст. Ба ақидаи олимон, ба хушксолӣ падидаи иқлимии Ал-Нино, ки дар ин мавсим ба таври ғайриодӣ фаъол буд, таъсир расонидааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






