Дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ моҳияти Паёми Президенти Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд

Январь 3, 2024 13:47

ДУШАНБЕ, 03.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 ҷаласа доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин кумита хабар доданд.

Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода муҳтавои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба самъи ҳозирон расонид. Таъкид гардид, ки дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ дастоварду пешравиҳои ноилгардида ба таври мушаххас таҳлилу баррасӣ гардида, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани зиндагии шоистаи мардум ба шахсони масъули вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳо дода шуданд.

Бо шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми  Президенти Тоҷикистон Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ масъулини соҳаҳои дахлдорро вазифадор намуд, ки ҷиҳати амалӣ намудани он нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, иҷрои супоришҳои Сарвари давлатро таъмин намоянд.

Аз ҷумла, муовинони Раиси Кумитаи давлатӣ, сардорони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ ва раисони кумитаҳои идораи замин дар маҳал вазифадор гардиданд, ки барои ободу зебо намудани ҷойи корӣ, макони зиндагонӣ ва умуман маҳаллаву деҳа тадбирҳои иловагӣ амалӣ намуда, ниҳолҳои ҳамешасабз шинонанд.

Ҳамчунин масъулини соҳаҳои дахлдор вазифадор шуданд, ки дар доираи талаботи қонунгузорӣ дар доираи ваколати худ барои ҳарчӣ зудтар ҳал намудани муроҷиати соҳибкорон чораҷӯӣ намоянд.

Дар баробари ин ба сохторҳои дахлдори Кумитаи давлатии замин дастур дода шуд, ки ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон, ҳар ҳафта гузаронидани хонишҳои идоравӣ, мусоидат ба такмили ихтисоси кормандони ҷавон, бештар интихоб намудани духтарону занон ба вазифаҳои роҳбарикунанда, тарғибу ташвиқ намудани сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Президенти ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Даъвати Президенти мамлакатро ҷиҳати ба гулистон табдил додани табиати Тоҷикистони биҳиштосо, вусъат бахшидани ободиву тозагӣ аз ҳар хонаву кошона то деҳоти дурдасттарин ва хурраму сарсабз гардонидани тамоми қаламрави Ватанамон, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардид, сармашқи кори худ қарор дода, ҳидоятҳои Сарвари давлатро сарбаландона ва бо ҳисси баланди миллӣ амалӣ намоянд.

АКС: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 3, 2024 13:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чехия дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ гардид
Масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ шуд
РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар нуҳ моҳи соли 2026 8,3 фоиз таъмин гардид
Олимони тоҷик парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахтаро дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд
Ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ гардид
«СОҲИБКОРИИ ЗАНОН: ИМКОНИЯТҲО, НАВОВАРӢ ВА РУШДИ УСТУВОР».Таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд