Дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи муғ» растаҳои ҳунармандон фаъол гардонида мешаванд

Январь 18, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 18.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи муғ» растаҳои ҳунармандони шаҳри Истаравшан фаъол гардонида мешаванд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан.

Бо ин мақсад Раиси шаҳри Истаравшан дар маҷмаа бо лоиҳаи растаи ҳунармандон шинос шуд. Раис шаҳр ҳамчунин бо ҳунармандони шаҳри Истаравшан мулоқот намуда, доир ба фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолгардонии растаҳо, инчунин имтиёзҳои мавҷудаи андозбандӣ нисбат ба ҳунармандон маълумот дод.

Ҳунармандон низ барои таваҷҷуҳи хоссаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушд ва эҳёи ҳунармандӣ изҳори миннатдорӣ намуданд. Онҳо омодагӣ ва ҳавасмандиашонро барои фаъолсозии растаи ҳунармандон дар ин қалъаи таърихӣ баён доштанд.

Мавриди тазаккур аст, ки Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Муғ» таърихи қадимӣ дошта, танҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон бо нишони қадршиносию аҷргузорӣ ба таъриху фарҳанги бою қадимии мардуми тоҷик навсозӣ шуд. Ҳоло дар он барои таъсиси зиёда аз 70 растаи ҳунармандӣ шароит фароҳам мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 25 июни соли 2018 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан дар маросими ба истифода додани «Қалъаи Муғ» иштирок намуда, таъкид доштанд, ки «яке аз нишонаҳои барҷастаи соҳиби таърихи қадимӣ будани миллати тоҷик шаҳрҳо, кӯшку қалъаҳо ва дигар ёдгориҳои меъморӣ ба шумор мераванд. Таҷдиду барқарорсозии ин ёдгории фарҳангӣ имконият фароҳам меорад, ки сайёҳону меҳмонони дохиливу хориҷӣ ба тамошои ин намунаи барҷастаи меъморӣ ва ёдгории дорои таърихи куҳан бештар ҷалб шаванд».

АКС: дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан

Январь 18, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд