Дар машқгоҳи «Фахробод»-и вилояти Хатлон ҷамъомади таълимӣ-методӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 17.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тақвият бахшидан ба донишу малакаи касбии низомиён бо ҷалби ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон давоми 2 рӯз дар пойгоҳи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ва машқгоҳи «Фахробод» ҷамъомади таълимӣ-методӣ доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳадаф аз баргузории ҷамъомади таълимӣ-методӣ — ин дар амал нишон додани роҳу усулҳои нави омӯзиш дар Қувваҳои Мусаллаҳ, таҷрибаомӯзӣ аз ҳамдигар ва баланд бардоштани масъулият ва сайқал додани донишу малакаи иштирокчиён буд.
Рӯзи дуюми машғулияти таълимӣ-методӣ дар машқгоҳи ҳарбии «Фахробод»-и вилояти Хатлон гузашт. Дар чунин ҷамъомадҳои таълимӣ вобаста ба мавзуъҳои муҳими соҳавӣ ҳар дафъа талаботи нав ва навовариҳои зиёд ворид мешаванд. Зеро авзои пуртазоди ҷомеаи муосир низомиёни ҳамаи зинаҳоро ба он водор менамояд, ки донишу малака, маҳорати касбӣ ва таҷрибаи соҳавиашонро дар мубориза бар зидди ҳама гуна таҳдиду хатарҳо мутобиқ намоянд.
Чунин ҷамъомад ё машғулияти таълимӣ-методӣ вобаста ба давраҳои омӯзишӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ дар як сол ду маротиба гузаронида мешавад. Барои гузаронидани чунин машғулияти намунавии таълимӣ-методӣ ҳар фармондеҳи навъи қӯшун, командирони қисмҳои низомӣ ва афсарону сарбозони вобастаи ҷузъу том бо кумаку дастгирии роҳбарият ва хадамоти дахлдори Вазорати мудофиа тамоми кӯшишу ғайратро ба он равона месозанд, то дар муддати як моҳи тайёрӣ ба даври навбатии омӯзишӣ тамоми шароити зарурии таълимӣ муҳайё гардад.
АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид






