Дар Нигерия баъди ғарқ шудани киштӣ 8 нафар ҳалок ва беш аз сад нафар бедарак шудаанд

Январь 17, 2024 15:54

ДУШАНБЕ, 17.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари садамаи киштӣ дар Нигерия, ки дар натиҷаи аз ҳад зиёд бор намудан ба амал омадааст, ҳашт нафар ҳалок ва беш аз 100 нафар бедарак шудаанд, иттилоъ медиҳад ABC News.

Мусофиронро аз минтақаи Боргуи иёлати Нигер ба бозори иёлати ҳамсояи Кебби интиқол медоданд. Киштӣ аз меъёр зиёд бор доштааст, ки дар натиҷа бар асари шамоли сахт чаппа шудааст.

Ишора шудааст, ки дар чунин киштиҳо 100 мусофир ҷойгир мешаванд, аммо қаиқи чаппашуда шумораи зиёди одамон ва инчунин халтаҳои ғалларо низ интиқол медодааст. Вазни гарон идоракунии киштиро мушкил гардонидааст.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: pixabay.com

Январь 17, 2024 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд