Дар ноҳияи Ашт бинои нави шуъбаи маориф сохта мешавад

Январь 15, 2024 18:20

СУҒД, 15.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт бинои нави шуъбаи маориф сохта мешавад, хабар медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд.

Бинои шуъбаи маориф бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, аз се ошёна, 13 утоқи корӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон, маҷлисгоҳ иборат буда, барои корҳои сохтмонӣ 3 миллион сомонӣ маблағ равона гардидааст.

Зимни шиносоии​ Раиси вилояти Суғд бо корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон 70 дарсади сохтмон ба охир расида, корҳо дар асоси нақша идома доранд.

Дар ноҳияи Ашт 74 мактаб фаъолият дошта, дар онҳо​ 34 626 хонанда таҳсил менамоянд. Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ҳамасола мактабҳои нав бунёд гардида, шароити таълиму тарбия беҳтар мегардад.

Раиси вилоят аснои шиносоӣ ба роҳбарияти ноҳия барои бо сифати баланд ба охир расонидани корҳо супориш дод.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд

Январь 15, 2024 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд