Дар ноҳияи Восеъ коргоҳи хурди истеҳсоли мебел ифтитоҳ гардид

Январь 5, 2024 14:27

ДУШАНБЕ, 05.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар доираи сафар ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар ноҳияи Восеъ коргоҳи хурди истеҳсоли мебелро ифтитоҳ намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

Бинои коргоҳи хурди истеҳсоли мебел, воқеъ дар кӯчаи ба номи Султони Кабири ҷамоати шаҳраки Ҳулбук дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули муосири меъморӣ ва бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Шаҳбоз Орифов бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ба маблағи 575 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.

Бо бунёд гардидани коргоҳи хурди истеҳсоли мебел дар маҷмуъ зиёда аз 6 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.

Коргоҳ бо дархости мизоҷон мебелҳои мухталиф, аз қабили мизу курсӣ, ҷевонҳои гуногун, дару тирезаҳои пластикӣ, мебелҳои гуногуни кандакоришуда истеҳсол менамояд.

Сарвазири мамлакат саҳми соҳибкорони ватандӯстро дар корҳои созандагӣ ва обод намудани гӯшаву канори сарзамин махсус ёдовар шуда, таъкид намуд, ки ташаббусҳои ватандӯстона дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар оянда низ бояд ҳаматарафа дастгирӣ ва вусъат дода шаванд.

Сарвазири мамлакат инчунин доир ба рушд бахшидани соҳаи саноат, истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ивазкунандаи воридот, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба масъулон супоришҳои мушаххас дод.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Январь 5, 2024 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд