Дар Офтоб дурахши пуриқтидори дараҷаи олӣ ба амал омад

Январь 30, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 30.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. 29 январ дар Офтоб дурахши пуриқтидори дараҷаи М ба амал омад, иттилоъ медиҳад агентии иттилоотии «Kazinform» бо истинод ба ТАСС.

Мутахассисон ишора менамоянд, ки  воридшавии ҷараёнҳои протон баъди дурахш дар фазои наздик ба Замин метавонад сабаби тӯфони магнитӣ шавад.

Шуълаҳои офтобӣ вобаста ба қувваи нурдиҳии рентгенӣ ба панҷ синф тақсим мешаванд: A, B, C, M ва X. Синфи ҳадди ақалли A0.0 ба қувваи нурдиҳӣ дар мадори Замин 10 нВт ба 1 метри мураббаъ мувофиқат намуда, ҳангоми гузаштан ба ҳарфи навбатӣ қувва 10 маротиба зиёд мешавад. Ин таркишҳо одатан бо партофти плазмаи офтобӣ ҳамроҳ мешаванд. Абрҳои он ба Замин расида, метавонанд тӯфонҳои магнитӣ ба вуҷуд оранд.

АКС: pixabay.com

Январь 30, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд