Дар Ҷоми Осиё-2023 нахустин маротиба намояндаи Тоҷикистон Гулмуроди Саъдулло доварӣ намуд
ДУШАНБЕ, 20.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Намояндаи Тоҷикистон, довари 33-солаи Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) Гулмуроди Саъдулло нахустин маротиба ҳамчун довари асосӣ дар Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар бозиро ҳакамӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Гулмуроди Саъдулло дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё бозии дастаҳои мунтахаби Ветнам ва Индонезияро дар чаҳоргонаи «D» ҳакамӣ намуд.
Ин бозӣ 19 январ дар варзишгоҳи Абдуллоҳ бин Халифаи Доҳа баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи тими Индонезия анҷом ёфт. Дар ин бозӣ Гулмуроди Саъдулло чаҳор корти зард нишон дод: ду корт ба футболбозони Индонезия ва ду корти дигар ба бозигари ветнамӣ, ки аз майдон хориҷ шуд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан дар Ҷоми Осиё-2023 дар Доҳа Гулмуроди Саъдулло дар бозии Индонезия – Ироқ (1:3) ба ҳайси довари эҳтиётӣ фаъолият намуд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






