Дар Саразми Панҷакент купрук месозанд
ДУШАНБЕ, 07.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони деҳаҳои Ваҳдат, Абдусамад, Кӯҳдоман ва Чиларчаи Ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент тасмим гирифтаанд, ки болои сойи селрави ин деҳаҳо купрук бунёд намоянд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад, бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳмгузории сокинони ин деҳаҳо ҳоло дар ин мавзеъ бунёди пули мошингузар бо дарозии 18 ва паҳнои 5 метр тариқи ҳашар идома дорад. Ҳоло бетонпӯш намудани фарши пул ба охир расида, сокинони деҳаҳо иброз доштанд, ки баъди анҷоми сохтмони он ба мумфарш намудани роҳ низ иқдом менамоянд.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни шиносоӣ бо ҷараёни сохтмони пул бо сокинони деҳаҳо, ки дар ҳашар иштирок доштанд, суҳбати гарму самимӣ анҷом дода, барои ин ташаббус ба онҳо изҳори сипос намуд.
Бояд гуфт, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба иқдому ташаббусҳои соҳибкорон ва мардум баҳри корҳои ободонӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ баҳои баланд дода шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








Дар деҳаи Кулчашмаи ноҳияи Муъминобод фурудгоҳи маҳаллӣ навсозӣ мешавад
Дар Хуҷанд роҳҳои маҳаллаҳои навбунёд мумфарш ва хиёбонҳои асосӣ васеъ карда мешаванд
Қоҳир Расулзода дар якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо рафти корҳои созандагӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ шинос шуд
Дар Конибодом иншооти нави иҷтимоию саноатӣ ва истироҳатӣ бунёд карда мешаванд
Дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд






