Дар Созмони ҳамкории Шанхай Соли экология оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 17.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Созмони ҳамкории Шанхай таҳти раёсати Қазоқистон Соли экология оғоз гардид. Дар ин хусус намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон Айбек Смадияров рӯзи душанбе хабар додааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии «Синхуа».
«Давлатҳои аъзо моҳи июли соли гузашта ташаббуси Қазоқистонро дар бораи Соли экология эълон намудани соли 2024 дар Созмони ҳамкории Шанхай якдилона дастгирӣ намуданд. Моҳи октябри соли 2023 нақшаи чорабиниҳои дахлдор аз ҷониби шурои сарони ҳукуматҳои Созмони ҳамкории Шанхай таҳия ва тасдиқ гардид», — гуфт Айбек Смадияров дар брифинг.
Дар маҷмуъ дар доираи лоиҳа аз ҷониби ташкилоти экологӣ баргузории тақрибан 20 чорабинии муштарак, аз ҷумла бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист, Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об, Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ҷангал ба нақша гирифта шудааст.
«Мо чорабиниҳоеро, ки бо ташаббуси раёсати Қазоқистон мегузаранд, ҳамчун саҳми назарраси созмон дар расидан ба Ҳадафҳои рушди устувори СММ баррасӣ менамоем. Қазоқистон минбаъд низ ба андешидани тадбирҳои амалии Созмони Шанхай дар ҳифзи муҳити зист мусоидат менамояд», — хулоса намуд Айбек Смадияров.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Ҳайатҳои иштирокчии ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф меоранд
Сарвазири Шурои давлатии Чин барои ҳамкории босифат бо Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» изҳори омодагӣ намуд
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои СҲШ доир гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ иштирок намуданд






