Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон вобаста ба эълони Соли маърифати ҳуқуқӣ кумитаи тадорукот таъсис дода шуд

Январь 19, 2024 16:20

ДУШАНБЕ, 19.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён вобаста ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 ҷаласаи кумитаи тадорукот баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин вазорат хабар доданд.

Кумитаи тадорукот вобаста ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 таъсис дода шуда, фаъолияти он ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бармеоянд, равона шудааст.

Зимни ҷаласаи кумита масъалаҳо ҷиҳати таҳияи лоиҳаи нақшаи чорабиниҳо оид ба эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ ва вазифагузорӣ ба сохторҳои дахлдори Вазорати адлия мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 19, 2024 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд