Дар вилояти Суғд саноати кӯҳӣ-металлургӣ, нассоҷӣ ва коркард бештар рушд менамоянд

Январь 19, 2024 10:55

ДУШАНБЕ, 19.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари ширкати илмӣ- истеҳсолии «Спирит»-и Федератсияи Русия Олег Люпак ва ҳайати ҳамроҳонаш вохӯрӣ намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Зимни вохӯрӣ масоили ҳамкории тарафайн ва густариши он баррасӣ шуда, аз талошу кӯшишҳои сарони ду давлат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ​дар самти густариши ҳамкории мутақобила ва зиёд намудани мубодилаи молу маҳсулот байни ду давлат ёд оварда шуд.

Таъкид гардид, ки вилояти Суғд водии имконият ба ҳисоб рафта, ҷиҳати рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар вилоят якчанд барнома ва лоиҳаҳои хурду бузург амалӣ мешаванд. Дар вилоят ба пешрафти соҳаи саноат, ба кор андохтани хатҳои нави истеҳсолӣ, то ба коркарди ниҳоӣ расонидани ашёи хоми ватанӣ ва истеҳсоли маҳсулоти босифату ивазкунандаи воридот таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, ҳамасола корхонаҳои нави саноатӣ фаъол гардонида мешаванд.​

Дар вилояти Суғд асосан саноати кӯҳӣ-металлургӣ, нассоҷӣ, коркард ва ғайра рушд намуда, воридсозии технологияи нав имкон медиҳад, ки ин бахшҳои соҳа боз ҳам равнақ ёбанд.​

Ширкати ​ илмӣ-истеҳсолии «Спирит» аз ҷумлаи муассисаҳои бонуфузи Федератсияи Русия ба ҳисоб рафта, доираи фаъолияташ ҳамасола фарох мегардад. Ин ширкат асосан дар соҳаи саноати кӯҳӣ корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ гузаронида, бо истифода аз технологияи муосир бо коркарди партовҳои боқимондаи корхонаҳои маъдан металлҳои қиматбаҳоро ҷудо менамояд.​

Ширкат азм дорад, ки ояндаи наздик бо шарикони худ аз Тоҷикистон ҳамкорӣ намояд. Ҳамчунин ширкат дар омӯзонидани кадрҳо бо истифодаи технологияҳои нав саҳм гузошта, корҳои иктишофӣ – ҷустуҷӯӣ анҷом медиҳад.​

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Январь 19, 2024 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид