ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ҷамоати деҳоти Ёрии Панҷакент ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуданд
ДУШАНБЕ, 14.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент ҳашари ниҳолшинонӣ доир шуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад, зимни ҳашар дар ду тарафи роҳи даромади деҳа даҳҳо бех ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуданд.
Чунин ҳашарҳо идома ёфта, дар ду тарафи роҳи Дупула-Ёрӣ ниҳолҳои гуногуни ороишӣ шинонида шуда, ҳама ҷо сабзпӯш мешавад.
Дар ҳашари ниҳолшинонӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси вилояти Суғд, раиси шаҳри Панҷакент ва сокинон иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» вусъати корҳои ободонию сабзгардонӣ, ҳифзи табиати биҳиштосои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим хеле муҳим дониста шуд.
АКС: Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд






