Эмомалӣ Раҳмон: «Имконоти соҳаи кишоварзӣ ҳоло ҳам ба таври зарурӣ истифода нашудаанд»

Январь 25, 2024 13:33

ДУШАНБЕ, 25.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. 24 январи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 баён доштанд, ки бо вуҷуди он ки соли 2023 соҳаи кишоварзӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардид, вале имконоти мавҷуда ҳоло ҳам ба таври зарурӣ истифода нашудаанд. Аз ҷумла, соли 2023 истеҳсоли пахта нисбат ба соли 2022  15 фоиз, гандум 8, ангур 39 ва пилла 43 фоиз кам гардида, дурнамои кишти пахта 12 фоиз ва картошка 23 фоиз таъмин нагардидааст.

Вобаста ба ин Сарвари давлат ба Вазорати кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва омодагии ҳамаҷониба ба мавсими кишти баҳорӣ, хусусан дар самти истифодаи самараноки ҳар қитъа  замин тадбирҳои саривақтӣ андешанд. Бо назардошти вазъи камборишию хушкии имсола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур доданд, ки яхобмонии саривақтӣ, ниҳолшинонӣ ва иҷрои дигар корҳои мавсимӣ таъмин шавад.

Дар ин самт Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки бо назардошти боду ҳавои номусоиди тирамоҳу зимистони соли 2024 ҷиҳати омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ба таъкиди Сарвари давлат, соли 2023 коҳишёбии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар гармхонаҳо низ мушоҳида гардида, истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо 2218 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022  23,6 фоиз, аз ҷумла помидор 14 ва бодиринг 36 фоиз коҳиш ёфтааст.

Дар робита ба ин ба Вазорати кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки ҳамкориро бо соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати бунёди гармхонаҳои муҷаҳҳаз бо технологияҳои каммасраф ва агротехникаи муосири парвариши зироат густариш бахшанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Январь 25, 2024 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид