«EXPO 2023 DOHA». Гӯшаи Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдорӣ дар Давҳа 500 ҳазор нафар тамошо намуд
ДУШАНБЕ, 22.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. 21 январи соли 2024 дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдории «EXPO 2023 DOHA» маросими ифтитоҳи Рӯзи миллии Тоҷикистон баргузор шуд, ки онро зиёда аз 500 ҳазор меҳмон тамошо намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар маросими ифтитоҳи Рӯзи миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдорӣ намояндагони расмии Тоҷикистон ва Қатар, сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ дар ин давлат, намояндагони бахшӣ хусусӣ ва доираҳои соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистону Қатар иштирок намуданд.
Таъкид гардид, ки Намоишгоҳи байналмилалии боғдории «EXPO 2023 DOHA» дар майдони зиёда аз 1 миллиону 700 метри мураббаъ ташкил шуда, дар он зиёда аз 80 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд.
Дар ин рӯз таҳти садои мутантани сурудҳои миллии ду давлат дар даромадгоҳи асосии намоишгоҳ парчамҳои давлатии Тоҷикистон ва Қатар барафрохта шуданд.
Гӯшаи асосии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдории «EXPO 2023 DOHA» дар майдони наздик ба 800 метри мураббаъ ташкил шуда, дар он намунае аз меваю хушкмеваҳо, сабзавоти тару тоза, асалу гиёҳои шифобахш ва обҳои мусаффои Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд.



Гӯша бо услуб ва нақшу нигори хоссаи миллӣ оро дода шуда, намунаи ҳунарҳои мардумии тоҷикон, аз қабили чӯбтарошию кандакорӣ низ дар он муаррифӣ гардиданд.
Ҳамчунин дар мавзеи назди Гӯшаи миллии мамлакати мо боғи Тоҷикистон бунёд шуда, дар он чун рамзи таҳкими дӯстии мардумони Тоҷикистон ва Қатар ниҳоли дарахтони дар Тоҷикистон парваришёбанда шинонида шудааст.
Гӯшаи Тоҷикистон дар ин чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ «Об барои рушди устувор» унвон гирифта, ба ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи обу иқлим бахшида шудааст. Ба ин хотир дар намоишгоҳ дар баробари муариффии имконияти сайёҳӣ, кишоварзӣ, содиротӣ, истеҳсолоти агросаноатӣ, фазои мусоиди сармоягузорию соҳибкорӣ ва ҳунарҳои мардумӣ иқдомоти шоистаи ҷониби Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ дар соҳаи обу иқлим, хусусан истеҳсоли энергияи «сабз» рӯнамоӣ мешавад.
Гӯша дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ташкил шудааст.
Ҳамарӯза зиёда аз 2 ҳазор нафар гӯшаи Тоҷикистонро тамошо намуда, бо намунаи санъати боғдорию токпарварӣ, иқтидору имконоти энергетикиву сайёҳӣ ва истеҳсолӣ, инчунин ҳунарҳои мардумии тоҷикон аз наздик шинос мешаванд.
Намоишгоҳи байналмилалии боғдории «EXPO 2023 DOHA» аз 2 октябри соли 2023 оғоз гардида, то 28 марти соли 2024 идома меёбад.
АКС: АМИТ «Ховар»














ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид






