Фатҳулло Фатҳуллоев ва Давлат Болтаев сафирони нави Parimatch интихоб шуданд
ДУШАНБЕ, 15.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати Parimatch дастаи варзишгарони ситораро ҷамъ меорад. Сафирони нави бренд варзишгарони маъруфи тоҷик Фатҳулло Фатҳуллоев ва Давлат Болтаев интихоб шуданд. Ҳамкорӣ дар доираи шартнома барои як сол бо имкони тамдиди он баста шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ширкати Parimatch иттилоъ доданд.
Фатҳулло Фатҳуллоев футболбози касбӣ буда, фаъолияти худро дар дастаи «Динамо» — и Душанбе оғоз намудааст, Сипас соли 2008 ба «Истиқлол» гузашт, ки дар он ҷо якчанд унвони миллӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла Ҷоми президенти ФФТ дар соли 2012-ро ба даст овард. Дар дастаи мунтахаби наврасон ва ҷавонони мамлакат бозӣ намудааст. Соли 2007 бори аввал ба дастаи миллии Тоҷикистон даъват шуд. Дар ҳайати дастаи мунтахаби мамлакат зиёда аз 60 бозӣ анҷом дода, 9 гол задааст.
Давлат Болтаев муштзани касбӣ мебошад, ки дар категорияи элитаи гаронвазн ҳунарнамоӣ менамояд. Фаъолияти варзишгари касбӣ соли 2021 дар категорияи вазни 92 кг оғоз ёфтааст. Болтаев пеш аз бозӣ дар ринги бокс дар чорабиниҳои MMA баромад намуд, аммо бо сабаби осеби зонуяш натавонист роҳи худро ҳамчун бозингари муҳорибаҳои омехта идома диҳад. Тобистони соли 2023 дар ҳайати дастаи мунтахаби миллӣ, дар Бозиҳои тобистонаи Осиё Давлат аз муштзанҳои қавитарин дар тамоми Осиё дар вазни 92 кг аз ҳама пеш гузашт ва аввалин муштзан аз Тоҷикистон дар 17 соли охир гардид, ки дар ин соҳа медали тилло ба даст овард. Бо шарофати пирӯзӣ Давлат ба Олимпиадаи Париж роҳхат гирифт.



Parimatch яке аз бузургтарин брендҳои букмекерӣ дар Аврупо ва ИДМ мебошад, ки давоми солҳои рушди фаъол ба яке аз пешсафони арсаи Аврупо табдил ёфтааст. Руҳияи қавӣ ва талош баҳри муваффақияти бештари Parimatch тавассути сафирон ва ҳамкорӣ бо брендҳои ҷаҳонии варзишӣ паҳн мегардад. Ширкат яке аз бозигарони фаъолтарин дар бозори маркетинги варзишӣ мебошад, ки бо федератсияҳо ва клубҳои пешрафта ҳамкорӣ дорад. Масъулиятшиносӣ яке аз афзалияти асосии бренд мебошад.
Дар Тоҷикистон бренди Parimatch аз соли 2020 дар рушди варзиш фаъолона иштирок намуда, худро таҳти шиори «Дастгирии воқеии варзиши тоҷик» нишон медиҳад!
АКС: ширкати «Parimatch»








Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






