Иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии вилояти Хатлон 105,3 фоиз таъмин шуд
ДУШАНБЕ, 30.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 бо назардошти рушди воқеии иқтисодиёти вилояти Хатлон иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ аз рӯи контингенти умумӣ ба андозаи 105,3 фоиз ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ ба андозаи 106 фоиз таъмин гардид. Ба буҷет ба ҷои 1905,9 млн сомонии нақшаи пешбинишуда 2015,8 млн сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 109,9 млн сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 306,9 млн сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ сардори Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҳабибулло Иззатуллозода иброз намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон.
Ба иттилои Изатуллозода Ҳабибуллозода дар давраи ҳисоботӣ иҷрои нақшаи андози иҷтимоии буҷет дар сатҳи 108 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми воридоти маблағҳо бо назардошти хароҷоти маблағҳои иҷтимоӣ ба 558,5 млн сомонӣ баробар гардида, нисбат ба нақшаи пешбинишуда 43,2 млн сомонӣ зиёд мебошад. Қарзҳои андози иҷтимоии буҷетӣ, ки дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ҷой доштанд, пурра бартараф шуданд.
Гуфта шуд, ки то якуми январи соли равон нақшаи андозҳо ва пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз 102 то 126 фоиз таъмин гардида, бақияпулии қарзи андозҳо дар сатҳи вилоят дар маҷмуъ, ки маблағи 166,2 млн сомониро ташкил менамуд, нисбат ба аввали соли 2023 2 млн сомонӣ кам карда шуд.
Дар нишасти матбуотӣ хабарнигорони воситаҳои ахбори омма оид ба иҷрои қисми даромади буҷет, маблағгузорӣ ба соҳаи иҷтимоӣ, пардохти кумакпулиҳо, равона гардидани маблағҳои буҷетӣ бо мақсади пешгирии хавфи офатҳои табиӣ, маблағгузорӣ ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят барои омодагӣ ба давраи зимистони соли 2024, андешидани тадбирҳои судманд ҷиҳати муваффақона амалӣ гаштани сиёсати молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар паҳлуҳои кори соҳа суолҳо пешниҳод намуда, аз ҷониби сардори Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва масъулони сарраёсат посухҳои мушаххас гирифтанд.
АКС: Шуъбаи иттилоотии Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон








Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад






