Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ДУШАНБЕ, 17.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Шабона дар ноҳияҳои алоҳида борону барф ба амал омада, рӯзона ҳавои бебориш дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, шабона дар баъзе ноҳияҳо борону барф ба амал меояд. Рӯзона дар вилоят ҳавои бебориш шуда, шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 20-25 дараҷа хунук, рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, шабона дар ноҳияҳои алоҳида борону барф ба амал меояд. Рӯзона ҳавои бебориш дар назар дошта шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, шабона дар ноҳияҳои алоҳида борон ба амал омада, рӯзона ҳавои бебориш дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0+5 ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, шабона дар ноҳияҳои алоҳида борону барф ба амал омада, рӯзона ҳавои бебориш дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, шабона дар баъзе ҳолатҳо борон ба амал меояд. Рӯзона ҳавои бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 4+6 дараҷа гарм, рӯзона 13+15 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






