ИСТЕҲСОЛИ ВАТАНӢ. ҶДММ «Арвис» бо бунёди корхонаҳои истеҳсолу коркарди нахи пахта барои таъсиси зиёда аз 2 000 ҷойи кори доимӣ мусоидат менамояд

Январь 18, 2024 14:00

ДУШАНБЕ, 18.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо татбиқи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои ­масъулияти маҳдуди «Арвис» оид ба таъсис додани корхонаҳо, сохтан ва ба кор даровардани иншооти ҳар як силсилаи алоҳидаи истеҳсолу коркарди нахи пахта то ба даст овардани маҳсулоти ниҳоӣ таъсиси зиёда аз 2 000 ҷойи кори доимӣ ва то 1 500 ҷойи кори мавсимӣ пешбинӣ шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Хотиррасон мешавем, ки 10 январи соли 2024 дар ҷаласаи нав­батии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум вакилон масъала «Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои ­масъулияти маҳдуди «Арвис» оид ба таъсис додани корхонаҳо, сохтан ва ба кор даровардани иншооти ҳар як силсилаи алоҳидаи истеҳсолу коркарди нахи пахта то ба даст овардани маҳсулоти ниҳоӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Созишномаи сармоягузории мазкур аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида таҳия шуда, ба татбиқи лоиҳа бо ҷалби сармояи мустақим равона гардида, амалишавии он барои рушди соҳаи саноати сабуки Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим мебошад.

Таъкид гардид, ки дар марҳилаи аввал иқтидори истеҳсолии корхонаҳои таъсисшаванда 5 500 тонна ришта (дар марҳилаи 2 — 10 800 тонна ришта), 3 600 тонна матои патдори рангуборшуда ва зиёда аз 1 000 000 дона маҳсулоти дӯзандагиро дар як сол ташкил медиҳад.


Тавре узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Рустам Раҳматзода иброз дошт, Созишномаи мазкур бо мақсади рушди соҳаи нассоҷӣ, иқтидорҳои истеҳсолӣ, афзоиши иқтидори содиротӣ, дар ҳудуди мамлакат таъсис додани корхонаҳо, сохтан ва ба кор даровардани иншооти ҳар як силсилаи алоҳидаи истеҳсолу коркарди нахи пахта то ба даст овардани маҳсулоти ниҳоӣ, аз қабили корхонаҳои пахтатозакунию ресандагӣ, бофандагию дӯзандагии аз лиҳози экологӣ безарар, таҳия гардидааст.

«Лоиҳаи мазкур пурра аз ҳисоби маблағҳои сармоягузор дар ду марҳила амалӣ гардида, қабули он хароҷоти иловагиро аз буҷети давлатӣ талаб намекунад. Марҳилаи якум 300 миллион сомониро ташкил медиҳад. Маблағгузории маҳилаи дуюм аз татбиқи пурраи марҳилаи якум вобаста буда, ҳаҷми умумии он тибқи ҳисобҳои пешакӣ, то 300 миллион сомониро ташкил дода, муҳлати амалишавии он 12 сол муқаррар шудааст», -афзуд Рустам Раҳматзода.

Мавриди тазаккур аст, ки Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Арвис» оид ба таъсис додани корхонаҳо, сохтан ва ба кор даровардани иншооти ҳар як силсилаи алоҳидаи истеҳсолу коркарди нахи пахта то ба даст овардани маҳсулоти ниҳоӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

Ёдовар мешавем, ки 31 октябри соли 2023 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи нассоҷии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Арвис» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.


Корхонаи нав, ки дар асоси технологияи замонавӣ бунёд гардидааст, ба истеҳсоли матои патдор ва маҳсулоти тайёри патдор, аз қабили намудҳои гуногуни сачоқ, халат барои тамоми синну сол ва дигар номгӯи маҳсулот машғул мебошад.

Корхонаи нассоҷии «Арвис» имкон дорад, ки дар як сол 3 ҳазору 600 тонна ресмони пахтагинро коркард намуда, аз он маҳсулоти патдор истеҳсол ва бо сифати баланд ва тарҳу шакли бозоргир пешниҳоди харидорон намояд.

Дар оянда содироти маҳсулоти тайёри ҷамъият низ марҳила ба марҳила дар назар дошта шудааст, зеро дастгоҳу таҷҳизоти корхона имконият медиҳад, ки маҳсулоти ниҳоии он дар доираи стандартҳои ҷаҳонӣ истеҳсол шавад. Айни замон корхонаи нав 500 номгӯйи маҳсулоти нассоҷиро истеҳсол менамояд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар корхона дастгоҳҳои муосири нассоҷӣ аз Белгия, Олмон, Туркия, Ҷопон ва Корея харидориву насб шудааст ва онҳо имконияти хуби таъмини сифати баланди маҳсулоту рақобатпазир будани онро доранд. Корхонаи нассоҷӣ дорои коргоҳҳои тортанӣ, суфтакунӣ, бофандагӣ, рангубор, тарроҳӣ ва дӯзандагӣ буда, фаъолияти он ба истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ, роҳандозии раванди пурраи коркарди пахта дар дохили мамлакат ва истеҳсол намудани маҳсулоти ивазкунандаи воридот равона гардидааст.


Ифтитоҳи корхонаи нави нассоҷӣ дар шаҳри Душанбе боиси таъмини 600 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардид, ки аксарашонро занон ташкил медиҳанд.

Дар корхонаи мазкур истеҳсоли матоъ, рангубори он, нармкунӣ ва омодасозии маҳсулоти ниҳоии баландсифат анҷом дода мешавад.

Рангу бори маҳсулот низ дар дохили корхона анҷом дода шуда, таҷҳизоти васлгардида иқтидор дорад, ки дар 1 шабонарӯз то 15 ҳазор килограмм матоъро рангу оро дода, ба таври худкор бурида, омода созад. Он дорои сехи алоҳидаи дӯзандагӣ буда, дӯхтани маҳсулоти ниҳоӣ мувофиқи тарҳи пешбинигардида дар ҳамин ҷо анҷом дода мешавад.

Ин коргоҳ дорои 88 дастгоҳи замонавии дӯзандагӣ, таҷҳизоти дарзмолкуниву нармкунӣ буда, маҳсулот мувофиқи фармоиши мизоҷон ва талаботи бозорҳои истеъмолӣ омода мешавад.

Таъмини шароити мусоиди корӣ дар корхонаи навтаъсис дар мадди аввал қарор дошта, дар ин ҷо кормандон бо либоси корӣ ва нақлиёти хизматӣ таъмин буда, ошхонаи барҳаво бо 300 ҷойи нишаст дар ихтиёри онҳо қарор дорад.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Январь 18, 2024 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд
НАЗАРИ КОРШИНОС. Зимни сафари кории Сарвари давлат ба Бадахшон ҳудудан 50 чорабинӣ ва ифтитоҳи иншоот доир гардид
Соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мегардад
Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад