Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҷиҳати тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯриҳо баргузор менамояд
ДУШАНБЕ, 12.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар толори Нашриёти «Шарқи озод» бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон оид ба вусъати тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҷаласа доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Таъкид гардид, ки Иттифоқи журналистони Тоҷикистон фаъолияташро дар асоси дастуру ҳидоятҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, амалӣ намуда, чорабиниҳоро дар қаламрави ҷумҳурӣ тибқи нақшаи корӣ мегузаронад.
Иттилоъ дода шуд, ки баргузории мулоқотҳо ҷиҳати тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар назар дошта шудааст.
Иброз гардид, ки Иттифоқи журналистони Тоҷикистон соли сипаригардида низ оид ба татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳрҳои Кӯлобу Хуҷанд, Хоруғу Истаравшан ва ноҳияҳои Фархор, Восеъ, Шамсиддини Шоҳин, Темурмалик, Ашт, Файзобод бо журналистони маҳаллӣ 15 мулоқот баргузор намуд, ки дар онҳо беш аз 300 нафар эҷодкорон иштирок намуданд.
Зимни мулоқот оид ба вазъи нашрияҳои маҳаллӣ, инъикоси дастовардҳои замони истиқлоли давлатӣ дар нашрияҳои шаҳрӣ, ноҳиявию вилоятӣ ва ба доираи васеи мухотабон расонидани маводи пурмуҳтаво суҳбати судманд доир шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






