Кишоварзони ноҳияи Ҳамадонӣ дар 8410 гектар кишти такрорӣ гузарониданд

Январь 14, 2024 13:39

ДУШАНБЕ, 14.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар майдони 8410 гектар кишти такрорӣ гузарониданд, ки аз он 5877 гектарро ғалладонагӣ, 1067 гектарро сабзавот ва 370 гектарро полезӣ ташкил медиҳад.

Тавре сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Тоҳирҷон Рафиев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, кишоварзони ноҳия дар соҳаи сабзавоткорӣ таҷрибаи бой дошта, соли гузашта дар майдони 380 гектар пиёз, 90 гектар сабзӣ, 210 гектар помидор, 120 гектар бодиринг ва 50 гектар карам кишт намуданд.

Изҳор гардид, ки ҳосилнокӣ аз ҳисоби зироати сабзавотӣ хуб буда, 14 ҳазору 741 тонна пиёз, 2727 тонна сабзӣ, 6741 тонна помидор, 3720 тонна бодиринг, 1581 тонна карам ва боқимонда 780 тонна дигар намуди сабзавот ҷамъоварӣ гардидааст.

Ҳоло дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия чиниши сабзӣ, карам ва турб идома дошта, 1 кг сабзӣ аз 80 дирам то як сомонӣ арзиш дорад, ки як баробар аз нархи бозор арзонтар фурӯхта мешавад.

Хоҷагидорон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳосили дастранҷи худро сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намуда, онро бо нархи дастрас пешкаши харидорон намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 14, 2024 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»