ЛОИҲАИ ДАСТУРАМАЛИ НИЗОМИ БАҲОГУЗОРИИ 10-ХОЛА МУАРРИФӢ ШУД. Он чӣ гуна низом аст ва аз меъёри баҳогузории мавҷуда чӣ бартарӣ дорад?

Январь 14, 2024 11:15

ДУШАНБЕ, 14.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон лоиҳаи «Дастурамал оид ба озмоиши низоми баҳогузори 10-хола ва меъёрҳои арзёбии дониш, малака ва маҳорати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муаррифӣ гардид. Низоми баҳогузории 10-хола дар самти иҷрои дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст. Ин низом чӣ гуна аст ва аз низоми пештара чӣ бартарӣ дорад? Дар робита ба ин хабарнигори АМИТ «Ховар» Зарангези Латиф бо Директори Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ Асадулло Наҷмиддиниён ҳамсуҳбат гардид.

АМИТ «Ховар»: Низоми баҳогузори 10-хола ва меъёрҳои нав аз меъёрҳои пештара чӣ фарқ доранд?

А. Наҷмиддиниён: Имрӯзҳо таҷрибаи ҷаҳонӣ собит сохтааст, ки меъёри панҷбаллаи мавҷуда дониши воқеии хонандагонро инъикос намуда наметавонад. Дар он андоза ва меъёрҳои дақиқи баҳогузории фаннӣ аз байн рафта, дар навбати худ боиси воқеӣ набудани баҳо ва тобеияти он ба мақоми омӯзгор гардидааст. Аз ин рӯ, зарурати гузариш ба низоми нави баҳогузорӣ дар шароити имрӯза ба миён омадааст. Дар раванди баҳогузории мавҷуда асосан аз се баҳо-3 (миёна), 4 (хуб), 5 (аъло) истифода мебаранд, ки ин меъёр барои баҳо гузоштан ба дониши воқеии хонандагон кофӣ нест. Инчунин дар низоми мавҷуда хонандагон ба гурӯҳҳои «аълохон», «хубхон», «сехон» ва «духон» ҷудо шудаанд, ки ба андешаи мутахассисон, ин тарзи баҳодиҳӣ доираи маҳдуд дошта, инчунин ба ҳолати равонии хонандагон таъсири бад мерасонад.

Дар низоми 10-хола фаъолияти таълимии хонандагон аз рӯи 4 дараҷа (дараҷаи олӣ) ва 10 зина арзёбӣ мешавад: дараҷаи олӣ иборат аз 2 баҳои 5 -аъло (10 хол) ва олӣ (9 хол); дараҷаи хуб иборат аз 2 баҳо- хубтар (8 хол), хуб (7 хол); дараҷаи миёна иборат аз 3 баҳо- қаноатбахш (6 хол), кофӣ (5 хол), кам (4 хол); дараҷаи паст иборат аз 3 баҳо — нокифоя (3 хол), ғайриқаноатбахш (2 хол), паст (1 хол) ба назар гирифта мешавад.

АМИТ «Ховар»: Зимни арзёбӣ намудани натиҷаҳои таълимии хонандагон ва фаъолнокии онҳо дар раванди омӯзиш кадом омилҳо ба назар гирифта мешаванд?

А. Наҷмиддиниён: Омилҳо чунин мебошанд:

— пешниҳоди натиҷаи иҷрои супоришҳои инфиродӣ, гурӯҳӣ (шифоҳӣ ва хаттӣ дар раванди дарс ва корҳои мустақилона, аз ҷумла супоришҳои хонагӣ) ва ғайра;

— дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти азхудкунии маводи таълимии пешниҳодшуда;

— истифодаи манбаъҳои иловагии иттилоотӣ дар иҷрои корҳои мустақилона, худомӯзӣ дар раванди дарс ва берун аз он;

— пешниҳоди хулосаҳо, фикрҳои ҷолиб оид ба мавзуъ, иҷрои корҳои эҷодӣ, лоиҳавӣ, муаррифии онҳо;

— хонандагонро ба худомӯзӣ, худназораткунӣ ва худташаккулдиҳӣ водор месозад;

— ба пешрафти таълимии хонандагони аз барномаҳои таълим қафомонда таъсир гузошта метавонад;

— ба таҳлил ва худтаҳлилкунии дастовард, мушкилоти дарки мавзуъ ва бартарафсозии норасоиҳои раванди омӯзиши хонандагон заминаи воқеӣ мегузорад.

АМИТ «Ховар»: Гузариш ба Низоми нави баҳогузорӣ чӣ зарурат дорад?

А. Наҷмиддиниён: Зарурати гузариш ба ин низом чунин аст:

— меъёрҳои панҷбаллаи мавҷуд имконоти арзишёбӣ, ташхис, ҳавасмандсозӣ ва пешбиниро дар раванди таълиму тарбия аз даст додаанд;

— дар он андоза ва меъёрҳои дақиқи баҳогузории фаннӣ аз байн рафтааст, ки дар навбати худ боиси воқеӣ набудани баҳо ва тобеияти он ба мақоми омӯзгор гардидааст;

-дар сатҳи нокифоя таҳия намудани тавсифот (муқаррарот), воситаҳои арзёбии муқарраршуда ва дақиқ набудани шарҳи (тавсифи) меъёрҳои асосии дараҷаҳои баҳодиҳӣ;

— таҷрибаи маҳдуди истифодаи усули муосири арзёбии кишварҳои пешрафта, аз ҷумла дар самти маҳдудияти (кам будани) зинаҳои баҳодиҳӣ;

— мавҷуд набудани тадбирҳои бартарафсозии мушкилоти ошкоргардида дар асоси таҳлили асосноки натиҷаҳои арзёбии фаъолияти хонанда ва омӯзгор, ҳисоботи дахлдор дар ин самт;

Инчунин зарурати гузариш аз инҳо иборат аст:

— таъмини воқеият ва шафофияти баҳодиҳӣ ба комёбиҳои таълимии хонанда;

— мусоидат намудан ба баланд бардоштани дастовардҳои инфиродӣ ва таъмини худомӯзии хонандагон;

— ташкили шароит барои ҳавасмандсозии фаъолияти таълимию маърифатӣ, истифодаи доираи инфиродии таҳсилии хонандагон;

— таъмини барқарории робитаи доимӣ байни омӯзгор, хонанда, волидайн, маъмурият ва ҳайати педагогии муассисаи таълимӣ баҳри якпорчагии ҷараёни таълим;

— ташкили фазои мусоиди равонӣ дар ҷараёни баҳогузорӣ, роҳ надодан ба ҳолатҳои харобкунандаи асаби хонанда;

АМИТ «Ховар»: Ҳадафҳои асосии гузариш ба низоми нави баҳогузорӣ ва вазифаҳои татбиқи низом ва меъёрҳои баҳогузорӣ аз чӣ иборат аст?

А. Наҷмиддиниён: Бо мақсади ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, муайян намудани сатҳи воқеии дониши хонандагон, ҳавасмандгардонӣ ва омода намудани онҳо дар зинаҳои минбаъдаи таҳсил вақти он расидааст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ низоми бисёрхолаи баҳогузорӣ ҷорӣ шавад. Ҳадафҳои гузариш аз инҳо иборат мебошанд:

— Иҷрои «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», ки дар он чунин дастур дода шуда буд: «Воситаҳо барои баҳодиҳии комёбиҳои таълимии талабагон дар низоми таҳсилоти умумӣ дар сатҳи мактаб ва ҷумҳурӣ ташаккул наёфтаанд. Лоиҳаҳои алоҳида оид ба баҳодиҳии сатҳи дониши талабагон, ки дар ҷумҳурӣ татбиқ гардиданд, вобаста бо фарқияти воситаҳои баҳогузорӣ ва ташкили гузаронидани расмиёти баҳодиҳию арзёбии сифати таълимро умуман дар ҷумҳурӣ аз рӯи динамика номумкин месозад» (§2 банди «Таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёна») .

— Иҷрои «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки дар он дар бораи арзёбӣ чунин омадааст: «Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон методологияи муназзами арзёбии натиҷаи таълим дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ вуҷуд надорад, ки ин омил арзёбии натиҷаи таълими хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии мамлакатро мушкил мегардонад» (боби 4, банди 113).

— Дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани арзёбиҳои синфӣ, мактабӣ (арзёбиҳои ташхисӣ, ташаккулдиҳанда, ҷамъбастӣ (хурд, калон ва ниҳоӣ) барои идоракунии самаранок, ба даст овардани маълумоти воқеъбинона дар бораи сифати таҳсилот, дараҷаи дониш, малака ва маҳорати хонандагон

— Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи «Дастурамали меъёрҳои 10-холаи баҳогузорӣ ба дониш, малака ва маҳорати хонандагон» аз 30.10.2023.

— ворид гардидани маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои ягонаи ҷаҳонии системаи арзёбии муосири комёбиҳои таълимии хонандагони муассисаи таҳсилоти умумӣ, густариш ва рушди робитаҳои ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ), Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва кишварҳои аз ҷиҳати техникаю технология пешрафта дар ин самт;

— мутобиқ ва мувофиқ намудани меъёрҳои баҳодиҳии мамлакат ба меъёрҳои байналмилалии баҳодиҳӣ баҳри таъмини баробарарзиши ҳуҷҷатҳои хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат ва бартараф намудани мушкилоти шаҳрвандон дар идома додани таҳсил дар донишгоҳҳои мамлакатҳои хориҷи дуру наздик.

АМИТ «Ховар»: Чунин низом боз дар кадом давлатҳо ва чӣ гуна амалӣ мешавад?

А. Наҷмиддиниён: Ин низом дар Русия, Гурҷистон, Арманистон, Беларус, Молдова, Литва, Латвия, Қазоқистон (интихоби меъёр озод аст), Албания, Бразилия, Исроил ва ғайра амал менамояд.

АМИТ «Ховар»: Ҷадвали низом, меъёрҳои 10-холаи баҳогузорӣ ва меъёрҳои арзёбӣ кадом хусусиятро доро мебошанд?

А. Наҷмиддиниён: Яке аз осон ва дастрастарин меъёр барои тамоми иштирокчиёни раванди таълиму тарбия ин аст, ки он аз 1 то 10 хол иборат буда, ҳар адад (рақам) сатҳи дониш, малака ва маҳорати хонандаро ифода менамояд.

— Ҷадвали 10-хола ҳамчун Низом ва меъёри боэътимод ва ба далелҳо асосёфта эътироф шуда, дар таъмини арзёбии воқеӣ ва шаффофи комёбиҳои таълимӣ ва тарбиявӣ, баэътиборгирии қобилияти инфиродии таҳсилии хонандагон нақши афзалиятнок дорад.

— Аксарияти омӯзгорон ва хонандагони давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон аз низом ва меъёрҳои 10-холаи арзёбӣ дар раванди таълиму тарбия ба таври мақсаднок истифода мебаранд ва самараи он дар раванди таълиму тарбия баръало мушоҳида мешавад (таҷрибаи кишварҳои хориҷаи дур ва наздик).

— Дараҷаҳо, зинаҳо ва меъёрҳои арзёбӣ бо назардошти қобилияти заҳнӣ ва тамоюлҳои омӯзишии хонандаи мушаххас пешбинӣ гардидаанд ва ба рушди ҳамаҷонибаи ӯ нигаронида шудаанд.

— Саҳми ҷадвали ин меъёрҳои арзёбӣ баҳри аз байн бурдани «даъвои беасоси» хонандагон ва волидони онҳо дар мавриди арзёбии сифати омӯзиш ва таълими хонандагон дар асоси методологияи одӣ, фаҳмо ва дастрас бештар назаррас мебошад (масалан: зимни баҳодиҳӣ ба сатҳи дониш, маҳорат ва малакаи хонандагон омӯзгор имконияти гузоштани се баҳои «ғайриқаноатбахш («1», «2», «3»), се баҳои «3», ду баҳои «4» ва ду баҳои «5»-ро пайдо менамояд ва бо назардошти эътибори қобилияти инфиродии ҳар хонанда зимни арзёбии сатҳи дониш, маҳорат ва малака пурра аз он истифода менамояд).

— Ҷадвали 10-холаи баҳогузорӣ дар раҳоӣ ёфтани хонандагони миқдоран зиёд аз «тарси доимӣ»-и мулоҳизаҳои мунтазами натиҷаи арзёбиҳои манфӣ (паст) ва афзудани ҳавасмандӣ ба омӯзиш ва қадам ба қадам комёб гардидан ба натиҷаҳои нисбатан комилтар (гузариш аз меъёри паст ба меъёри нисбатан баландтар) зимни амалӣ намудани ин низом шароити муосид фароҳам меорад.

— Низоми 10-холаи арзёбӣ барои хонандагони дорои қобилияти «миёна» ва «аз барнома қафомонда» дар раванди омӯзиш, таълим ва тарбияи босифат шароити мусоид фароҳам меорад ва гурӯҳи хонандагонро ба худомӯзию худташаккулдиҳӣ водор месозад.

— Низоми 10-хола дар хонандагон меҳнатдӯстӣ, кӯшишу ғайрат дар таҳсил ва дар фаъолияти таълимию маърифатӣ ҳавасмандии мусбатро бештар ташаккул медиҳад, зеро ҷадвали баҳои мусбат аз 4 то 10-холро фаро гирифта, имконияти ташаккули мақсадноки хонандаро бештар таъмин месозад.

— Дар ташаккули рақобатпазирии хонандагон тавассути намоиш додани имконияти беҳтар- будан дар байни беҳтаринҳо (метавон бо баҳоҳои «хуб», «беҳтар», «олӣ» ва «аъло» таҳсил намуд) низоми 10-хола мавқеи устуворро доро мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 1 сентябри соли 2023 зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ба масъалаҳои омодагӣ ва гузариш ба низоми бисёрхолаи арзёбии дониши хонандагон ба масъулин дастуру супориш дода буданд.

Дар таҳияи ин низом кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи рушди маориф, Маркази таълимӣ-методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои дахлдор саҳм гузоштаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 14, 2024 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Хонандагони муассисаҳои таълимии Хатлон дар олимпиадаҳои фаннӣ ва байналмилалӣ 987 медал ба даст оварданд
МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Байни институтҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Чин шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон оид ба нақши иқтисоди даврӣ дар таъмини самараноки захираҳои табиӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон доир ба энергетика ва дурнамои рушд конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Вазорати маориф ва илм масъалаи фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактаби баррасӣ гардид
ТАЪТИЛИ ЗИМИСТОНА. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон чанд рӯз ба таътил мебароянд?
Дар шаҳри Ҷинан мулоқоти намояндагони донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Чин доир гардид
Лоиҳаи Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои табодули таҷриба ба Чин мераванд
Омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон соҳиби сертификати байналмилалӣ гардиданд