Намоиши «Зол ва Рудоба» дар Фестивали байналмилалии 42-юми «Фаҷр»-и Эрон иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 04.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Намоиши «Зол ва Рудоба» барои иштирок дар Фестивали бонуфузи байналмилалии 42-юми «Фаҷр» дар Ҷумҳурии Исломии Эрон роҳхат гирифт, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.
Ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо намоиши «Зол ва Рудоба» аз рӯи «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ дар таҳияи Баҳром Қурбонзода ва басаҳнагузории Ҷумъа Қуддус нахустин маротиба дар Фестивали байналмилалии «Фаҷр»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд.
Қиссаи ишқи Рудоба ва Зол (Золи Зар) яке аз достонҳои муассири лирикии «Шоҳнома» аст, ки дар риштаи умумии тасвироти қаҳрамонӣ ва эпикии асар ҷойи муайян дорад.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати эҷодии театр бо намоиши «Зол ва Рудоба» соли 2023 дар Озмуни театрҳои касбии ҷумҳурӣ «Парасту» иштирок намуда, соҳиби ҷойи дуюм гардиданд.
Таҷассуми таъриху фарҳанги пурифтихори миллат дар намоишҳои театрӣ яке аз василаҳои муаррифии он ба мардум, махсусан насли наврасу ҷавон мебошад.
Бунёди бинои наву замонавии Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавӣ дар шаҳри Бохтар бозгӯи он аст, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба фарҳанги тоҷик арҷ мегузорад. Барои пешрафти театрҳои касбии вилоят маблағгузорӣ намудани давлат ба рушди театри миллии тоҷик мусоидат менамояд.
АКС: Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон








Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд






