ОБОДИИ МАҲАЛ. Сокинони деҳаи Ғурёти шаҳри Ҳисор 2 километр роҳро мумфарш намуданд
ДУШАНБЕ, 20.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои созандагию ободонӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони деҳаи Ғурёти Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Ҳисор 2 километр роҳи даромадгоҳи деҳаро мумфарш намуданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки шуруъ аз аввали соли 2024 сокинони деҳа бо мақсади таъмиру тармими роҳи деҳа ва чароғонкунии кӯчаҳои он ба ҳашар баромада, ноқилҳои фарсудаи сутунҳои интиқоли барқро иваз ва дар кӯчаҳои асосии деҳа чароғ насб намуданд.
Муовини Раиси шаҳри Ҳисор Бунафша Юлдошзода бо ҷараёни корҳои ободонӣ шинос гардида, ба сокинони деҳа барои ташаббускорӣ изҳори сипос намуда, гуфт, ки ободии Ватан аз ободии маҳалли зисти ҳар яки мо сар мешавад.
Номбурда барои боз ҳам ободу зебо намудани маҳали зист ва суръатбахшии раванди корҳои ободонию созандагӣ ба сокинон таъкид намуд, ки бо истифода аз рӯзҳои муносиби офтобии фасли зимистон дар тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф, ҷўйю заҳбурҳо саҳмгузор бошанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки 28 декабри соли 2023 пешниҳод гардид, Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «табиати Тоҷикистони биҳиштосоямонро ба гулистон табдил диҳем, ободӣ ва тозагиву озодагиро аз ҳар хонаву кошона сар карда, то деҳоти дурдасттарин вусъат бахшем, тамоми қаламрави Ватанамонро хурраму сарсабз гардонем ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани худро ба ҷаҳониён собит намоем».
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи варзишии «Суғд-арена»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғдро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд






