Омӯзгорони тоҷик дар Форуми байналмилалии ихтироъкории «При Эйфел» соҳиби 2 медали тилло шуданд

Январь 9, 2024 16:20

ДУШАНБЕ, 09.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии «При Эйфел»-и Фаронса  бо ихтирооти худ соҳиби 2 медали тилло ва 1 нуқра гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Форуми онлайнӣ аз 15-16 ноябри соли 2023 баргузор гардида,  ҳамаи ихтирооте, ки ба форум пешниҳод шуда буд, аз ҷониби ҳайати ҳакамон- намояндагони бузурги илм ва саноат баҳогузорӣ шуд.

Аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 3 ихтироот аз ҷониби устодони факултети химия ба форум пешниҳод гардид. Дар он дотсент, мудири кафедраи усули таълими химияи факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муқаддас Қурбонова ва дотсенти кафедраи химияи татбиқии факултети химия Саврибегим Ёрмамадова — сазовори медали тилло шуданд. Инчунин дотсент, мудири кафедраи химияи физикӣ ва коллоидии факултети химияи донишгоҳ Ҷаҳонгул  Давлатшоева сазовори медали нуқра гардид.

Устодони донишгоҳ бо ихтирооти «Истифодаи хӯлаҳои алюминийи AB1 дар соҳаи мошинсозӣ», «Малбсинкати дорои хусусияти зиддигелментӣ» ва «Усули муайян намудани  пайвастагиҳои комплексии глитсинат дар системаи оҳан(II) — оҳан(III) ва константаи ҳосилшавии онҳо» сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуданд.

Форуми ихтироъкорони давлати Фаронса бузургтарин намоишгоҳи махсуси ихтироъ ва навоварӣ дар давлатҳои Аврупо буда, муҳимтарин дастовардҳои илмӣ ва инноватсионӣ ҳамасола дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ дар ҷаҳон муаррифӣ мешаванд. Форум бо сарпарастии Ассотсиатсияи ихтироъкорони Лаҳистон ва Президенти Федератсияи ихтироъкорони давлатҳои Аврупо дар байни 40 давлати ҷаҳон баргузор гардид.

Тибқи шарти озмун, шахсоне, ки соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шудаанд, аз 27 то 29 марти соли 2024 ба тамошои манораи «Эйфел» ва давлати Фаронса даъват гардиданд.

Ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода устодони донишгоҳро бо дастоварди навбатӣ самимона табрик намуда, дарёфти 2 медали тилло ва 1 нуқраро дар соли 2024 дар самти илм дастоварди назаррас арзёбӣ намуд.

Эълон шудани  «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020-2040 аз ҷониби Пешвои миллат боиси густариш ёфтани илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ гардида, дастоварди навбатӣ низ аз он сарчашма мегирад.

Ёдовар мешавем, ки 26 декабри соли 2019 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» солҳои 2020 -2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид.

Ин бистсола ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин тавсеаи тафаккури техникии насли наврас равона гардидааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин бистсола изҳор намуданд, ки бояд «назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд».

Бояд тазаккур дод, ки дастоварди навбатии омӯзгорони тоҷик гувоҳи он аст, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат баҳри баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, бартараф намудани норасоии кадрӣ, таъмини шароити созгор барои маорифчиён ва баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ҷаҳду талоши зиёд амалӣ мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 23 декабри соли 2022 арҷу эҳтиромро нисбат ба омӯзгор аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим унвон намуданд.

«Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф намуда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем», — тазаккур доданд Сарвари давлат.

Тибқи моддаи 53-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф имтиёзҳои гуногун доранд, ки яке аз онҳо барои дастовардҳо дар фаъолияти омӯзгорӣ ва тарбияи насли наврас бо мукофоти соҳавӣ, давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз шудан мебошад.

Инчунин омӯзгорон имтиёз доранд, ки барои меҳнати шоиста ва дастовардҳои педагогию илмӣ ба таври моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонида шаванд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Январь 9, 2024 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Истаравшан бинои нави муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
Даври якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Рӯзи дарҳои кушод баргузор шуд
Хизматҳои донишманди тоҷик аз ҷониби Бунёди Саъдии Шерозӣ дар Ҳиндустон қадрдонӣ гардиданд
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ҳамкориро бо муассисаҳои таълимӣ-илмии Олмон ва Фаронса тақвият медиҳад
Ҳамкории Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Ширкати байналмилалии «Pegah Paya Entrepreneurs»-и Эрон таҳким меёбад
Донишҷӯёни тоҷик дар ҳошияи барномаи табодули академӣ ба Донишгоҳи илм ва технологияи Шансии Чин ҷалб гардиданд
Ихтироъкори тоҷик дар Форуми International Invention Fair thre Middio East соҳиби медали тилло гардид
Дар Тоҷикистон 500 маркази инкишофи кӯдак бунёд ва таъмир карда мешавад
Гулнора Ҳоҷиева аз Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд бинои иловагии гимназияи №4 бунёд карда мешавад
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон оид ба равандҳои инноватсионӣ ҳамоиш доир шуд