ҶОМИ ОСИЁ-2023. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии якум бо тими миллии Чин рақобат менамояд
ДУШАНБЕ, 10.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар қисми финалии Ҷоми Осиё-2023, ки дар Қатар баргузор мегардад, дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои мунтахаби Қатар, Лубнон ва Чин бозӣ менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дастаи Тоҷикистон дар бозии якум 13 январ бо тими миллии Чин бозӣ менамояд.
Дастаи Петр Сегрт 17 январ дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ бо мизбони Ҷоми Осиё-2023 – тими миллии Қатар бозӣ анҷом медиҳад.
Дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқот дастаи мунтахаби Тоҷикистон 22 январ бо дастаи яккачини Лубнон рақобат менамояд.
Бояд иброз намуд, ки аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарин аз байни ҷойҳои сеюм ба даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






