Қонунгузории Тоҷикистон барои сармоягузорон беш аз 240 номгӯи кафолату имтиёзҳоро муқаррар намудааст

Январь 22, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 22.01.2024/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар мамлакати мо зиёда аз 720 лоиҳаи сармоягузориҳои давлатӣ ба маблағи беш аз 13,8 миллиард доллари амрикоӣ амалӣ шуда истодааст. Қонунгузории амалкунандаи мо барои сармоягузорон беш аз 240 номгӯи кафолату имтиёзҳо, аз ҷумла зиёда аз 110 имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукиро муқаррар намудааст. Чунин изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорон ва ширкатҳои Давлати Қатар, ки имрӯз дар Доҳа баргузор гардид.

Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид намуданд, ки ҷалби сармоя ба соҳаҳои гуногуни иқтисод ва рушди соҳибкорӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст. Дар ин замина мутобиқ ба татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат, имкониятҳои васеи сармоягузорӣ фароҳам оварда шуда, василаҳои марбут ба имтиёзҳои андозу гумрук ва кафолатдиҳӣ ба таври васеъ истифода мегарданд.

«Узвияти Тоҷикистон дар Созмони ҷаҳонии савдо ва як қатор конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи сармоягузорон низ гувоҳи мутобиқ будани қонунгузории мо ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошад»,-тазаккур доданд Пешвои миллат.

Роҳбари давлат, изҳор доштанд, ки Тоҷикистон бо тамоми сохторҳои молиявии байналмилалӣ ҳамкорӣ намуда, бо 110 давлати дунё робитаҳои иқтисодӣ дорад. Ҳоло давлати мо дорои иқтисоди бисёрсоҳаи рушдёбанда буда, дар он барои пешбурди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, фароҳам овардани шароити муносиби корӣ дар ин ҷода пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон омода аст пешниҳодҳои сармоягузорони қатариро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории судманд дар самтҳои афзалиятнок бодиққат омӯзад ва дастгирӣ намояд.

Дар фарҷом, Сарвари давлати Тоҷикистон аз доираҳои соҳибкорию сармоягузории Қатар даъват намуданд, ки бо мақсади шиносоии наздик аз имкониятҳои ҳамкорӣ бо давлати мо дар самтҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ба Тоҷикистон ташриф биёранд.

Январь 22, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид