PARIS GRAND SLAM 2024. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа 9 паҳлавон иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 18.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. 2-4 феврали соли 2024 дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо дар мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо- Гранд Слами Париж-2024 иштирок менамояд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Мусобиқаи байналмилалии Гранд Слами Париж-2024 бо иштироки 600 варзишгар аз 102 давлати дунё баргузор мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 варзишгари шинохта: Муҳаммадсолеҳ Қувватов бо Меҳрзод Суфиев дар вазни то 60кг, Эмомалии Нуралӣ бо Обид Ҷебов дар вазни то 66кг, Беҳрӯз Хоҷазода бо Абубакр Шеров дар вазни то 73кг, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81кг, Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90кг ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100кг муаррифӣ менамоянд.
Хотиррасон менамоем, ки фонди умумии ҷоизаҳо 154 000 евроро ташкил медиҳад. Ғолибони ҷойи аввал дар ҳамаи 14 вазн 5000 евро, барандагони медали нуқра 3000 евро ва медали биринҷӣ 1500 евро ҷоизапулӣ дарёфт менамоянд.
АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон








Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд






