Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум мусоидат менамояд

Январь 25, 2024 17:44

ДУШАНБЕ, 25.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо иштироки мутахассисон ҳамоиш доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон.

Зимни ҳамоиш изҳор шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, паст намудани сатҳи камбизоатӣ, инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат ва дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши бориз дорад.

Иштирокдорон иброз намуданд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас  гузошт.

Яке аз масъалаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст, ин боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо мебошад. Моро мебояд ба ин самт таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоем.

АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Январь 25, 2024 17:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд