Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири бахши сармоягузории ширкати «Диёри Қатар» Аҳмад Муҳаммад Тайиб мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 21.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. 21 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа бо Мудири бахши сармоягузории ширкати «Диёри Қатар» Аҳмад Муҳаммад Тайиб мулоқот намуданд.
Дар рафти мулоқот масоили ҳамкорӣ бо ширкат дар самти амалисозии лоиҳаи бунёди шаҳраки «Диёри Душанбе» ва як қатор иншооти муҳим баррасӣ гардид.
Татбиқи саривақтии марҳилаҳои дигари бунёди шаҳрак дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе зарур шумурда шуд.
Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки бо назардошти беҳтар шудани шароити иҷтимоию иқтисодӣ талаботи аҳолии мамлакат ба инфрасохтори замонавӣ, аз ҷумла манзилҳои зист ва таъсиси марказҳои савдои замонавии бузург дар Тоҷикистон афзоиш меёбад.
Ҷалби сармояи ширкати қатарӣ ҷиҳати бунёди иншооти иҷтимоӣ ва рушди зерсохтори сайёҳӣ дар Тоҷикистон барои ҷонибҳо судманд арзёбӣ гардид.









Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон






