Прокуратураи генералии Тоҷикистон: Аз қаллобони интернетӣ эҳтиёт бояд намуд

Январь 11, 2024 16:42

ДУШАНБЕ, 11.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои қаллобӣ, ки бо истифода аз шабакаи интернет содир шуда, боиси расонидани зарари калони моддӣ ба шаҳрвандон мегарданд, фаъолиятро тақвият бахшида, тадбирҳои заруриро амалӣ месозад. Дар робита ба ин сомонаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои содиршавии ҷиноятҳои қаллобӣ бо истифода аз шабакаи интернет хабари муфассал нашр намудааст.

Тавре аз Прокуратураи генералӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дода шуд, давоми як соли охир қаллобӣ дар интернет, яъне мардумфиребӣ бо истифодаи интернет зиёд шуда, баъзе шаҳрвандон, ки тарзи дурусти истифодаи интернетро намедонанд, ба ҳар гуна барномаҳои сохтаю бардурӯғи қаллобон бовар намуда, ба қаллобон рақамҳои суратҳисоб, корти бонкӣ, ҳамёни электронӣ ё почтаи электрониашонро равон намуда, ба доми фиреби онҳо меафтанд. Қаллобон ба воситаи аккаунтҳои қалбакӣ ва наворҳои сохта (фейкӣ) бо баҳонаи кумак ба ниёзмандон ҳадафҳои қаллобонаашонро амалӣ месозанд.

Чунончи, дар натиҷаи санҷиш муайян шудааст, ки 5 январи соли 2022 сокини ноҳияи Дӯстӣ Расгелдиев А. дар видеохостинги шабакаи иҷтимоии «YouTubе» ба рекламаи бардурӯғи аз номи ширкати «Газпромнефт»-и Русия паҳнгардида дар бораи аз 10 то 20 фисад ба даст овардани фоида ҳангоми иштирок дар биржаи ҷаҳонӣ ва хариди саҳмияи ин ширкат шинос шудааст.

Номбурда ба ин рекламаи бардурӯғ бовар намуда, худро дар ин барнома сабт менамояд ва тибқи шарту талаби тавассути паёмрасони «Телеграм» пешниҳоднамудаи шахсони номаълум шуруъ аз 7 ноябри соли 2022 то 16 январи соли 2023 дар ҳаҷми 868 ҳазору 500 сомонӣ маблағи пулиро ба ҳамёни электронии «Душанбе Сити», ки бо рақами телефони мобилӣ ба номи шаҳрванди Украина Прокопенко Л. Сабт шудааст, интиқол додааст. Вале ҳам маблағ ва ҳам соҳиби ҳамёни электронӣ аз шабакаи интернетӣ нопадид шудаанд.

Оид ба ҳолати аз тарафи шахсони номаълум тасарруф шудани маблағҳои пулии шаҳрванд Расгелдиев А. ба микдори махсусан калон 6 феврали соли 2023 бо моддаи 247 қисми 4, банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тибқи тобеияти тафтишӣ он ба Вазорати корҳои дохилии мамлакат фиристода шудааст.

Ба ин монанд шаҳрванд Собиров Ф., сокини шаҳри Бохтар ба доми қаллобон афтода, 9 феврали соли 2023 дар шабакаи иҷтимоии «YouTubе» ба ин рекламаи бардурӯғи аз номи ширкати «Газпромнефт»-и Русия паҳнгардида дар бораи иштирок дар биржаи ҷаҳонӣ ва ба даст овардани фоида аз ҳисоби маблағи хариди саҳмияҳои он бовар намуда, аз рӯйи шартҳои пешниҳодкардаи шахсони номаълум ба ҳамёни электронӣ ва суратҳисоби онҳо ба маблағи 89 ҳазору 700 сомонӣ пул интиқол додааст. Аммо шахсони номаълум бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ он маблағҳоро пурра тасарруф намуда, ба номбурда зарари махсусан калони моддӣ расонида, илова бар ин бо истифода аз маълумоти шахсии Собиров Ф., бе он ки худаш хабардор бошад, ба номаш саҳифаи интернетӣ кушода, тавассути он саҳифа бо ин маблағ криптовалюта харидаанд.

4 апрели соли 2023 оид ба ин ҳолат аз тарафи Прокуратураи генералӣ бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тибқи тобеияти тафтишотӣ ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шуд.

Дар ҳолати дигар, 16 ноябри ссоли 2023 ба телефони мобилии шаҳрванд Ҳафиззода Ш., сокини ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ бо рақами хориҷии +79153564814 зани ношинос занг зада, ба боварии ӯ даромада, хоҳиш намудааст, ки барои ба корти бонкии «Душанбе Сити»-и номбурда интиқол додани 3000 сомонӣ аз номи «Муҳаммад» ном шахс рақами рамзи бо паёмак ба телефонаш омадаро равон кунад. Баъди бо роҳи фиреб ба даст овардани рамзи ба телефони Ҳафиззода Ш. омада, шахси номаълум аз корти бонкии ӯ маблағи 71 ҳазору 672 сомонии аз фаъолияти соҳибкорӣ ҷамъовардаашро тасарруф намуда, ба ӯ ба миқдори махсусан калон зарари моддӣ расонидааст.

Вобаста ба ин ҳолат 5 декабри соли 2023 аз тарафи Прокуратураи генералӣ бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тибқи тобеияти тафтишотӣ ба ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шуд ва ҳоло тафтиши пешакӣ идома дорад.

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин аз қаллобӣ дар фазои интернет бо роҳи гузаронидани бозиҳои лотерея иттилоъ додааст. «Вақтҳои охир баъзе нафарон бо мақсади ба даст овардани даромади муфт бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ дар фазои интернет бозии лотореяро бо бурди автомашинаҳо эълон намуда, шаҳрвандонро фиреб дода, бо суиистифодаи боварӣ маблағҳои пулиашонро тасарруф менамоянд. Чунончи, сокинони ноҳияи Рудакӣ Ғафурзода Сомон ва Гулзода Некрӯз дар видеохостинги шабакаи иҷтимоии «YouTubе» саҳифаҳои худро бо номҳои «SOMONOfficial» ва «МАКSIМ ТV» ба қайд гирифта, автомашинаҳои тамғаҳои «КИА К5», «Тойота Камри» ва «Хюндай Соната»-ро ба бозии лоторея гузошта, тибқи шартҳои пешбинигардида онҳоро бояд бо натиҷаи бозӣ ба шахсони бурднамуда медоданд. Аммо Ғафурзода С. ба боварии шаҳрвандон Қодиров Ҷ.Р. ва Саидов А.О. даромада, бо роҳи фиреб — бе гузаронидани бозӣ автомашинаҳои дар бозӣ гузоштаро бо нархи арзон ба онҳо мефурӯшад, аз номбурдагон тавассути интиқоли пулӣ маблағи 180 ҳазору 500 сомониро гирифта, тасарруф намуда, ба онҳо зарари махсусан калони моддӣ расонидааст».

Бо ҳамин роҳу усул Гулзода Н. низ ба боварии шаҳрвандон Назаров Э., Салимов Н. ва Қараев Б. даромада, бо ваъдаи бардурӯғ, ки баъди баргузории бозӣ автомашинаҳои «Тойота Камри» ва «Хюндай Соната»-ро ба онҳо арзон мефурӯшад, аз шаҳрвандони номбурда дар се ҳолат тавассути ҳамёни электронии «Душанбе Сити» ҷамъулҷамъ, 230 ҳазору 200 сомониро тасарруф намудааст.

Дар натиҷаи кирдорҳои қаллобонаи Ғафурзода С. ва Гулзода Н. маблағи пулии шаҳрвандон ба миқдори махсусан калон — 590 ҳазору 700 сомонӣ тасарруф шудааст.

Дар асоси санҷиши Прокуратураи генералӣ 8 ноябри соли 2023 нисбат ба Ғафурзода С. ва Гулзода Н. бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.

Фаромӯш набояд намуд, ки интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ашхоси алоҳида, бахусус қаллобон бо мақсадҳои ғаразноку ҷиноятӣ бештар истифода гардида, онҳо бо ҳар роҳу восита ба боварии шаҳрвандон даромада, бо ваъдаҳои бардурӯғ ва фиребу суиистифодаи боварӣ, инчунин бо амалӣ намудани барномаҳои сохта ва аккаунтҳои қалбакӣ (фейкӣ) аз суратҳисоб, кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои электронии шаҳрвандон маблағҳояшонро тасарруф намуда, ба онҳо зарарҳои калони моддӣ мерасонанд.

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳолатҳои ошкоршуда тавсия медиҳад, ки истифодабарандагони интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар истифодаи интернет эҳтиёткор бошанд, зимни истифодаи он, қабули паёмаку тамошои видеонаворҳои сохта (фейкӣ), эълони бозиҳои интернетӣ, аз қабили лоторея, харид намудан аз интернет-мағозаҳо ва истифодаи дигар хизматрасониҳои интернетӣ ҳамеша ҳушёр бошанд ва ба хоҳишу бозиҳои қаллобони интернетӣ бовар насозанд.

«Харидро дар интернет-мағозаҳо танҳо тавассути сомонаҳои боэътимод анҷом дода, аз хизматрасонии ҳар гуна сомонаҳои бардурӯғ ва аккаунтҳои сохта (фейкӣ) худдорӣ намуда, маълумоти шахсӣ, рақами ҳамёни электронӣ ё рамзи кортҳои бонкии худро ба ин гуна сомонаҳо равон насозед», — омадааст дар сомонаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 11, 2024 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазорати корҳои дохилӣ: «Ҳеҷ гоҳ корти бонкӣ ё маълумоти онро ба шахсони сеюм надиҳед»
Дар Палатаи ҳисоб оид ба сиёсати ҳуқуқии давлат дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба экстремизм ва терроризм машварат доир шуд
Ҷаласаи Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳияи Шаҳринав баргузор шуд
Прокуратураи генералӣ: «Дар робита ба кушторҳои дар шаҳри Конибодом рухдода гумонбарон дастгир гардиданд»
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти даъвати тирамоҳӣ ҷаласа баргузор гардид
1500 нафар ҷавонони синни даъватии вилояти Суғд даври омӯзишии ронандагиро хатм намуданд
Дар шаҳри Бодканд вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи таъсиси Воҳидҳои таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ ҳамоиш доир шуд
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Вобаста ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» ҷаласа баргузор шуд
Вобаста ба вазъияти фавқулода, низоъҳо ва ҳамоҳангии иҷтимоӣ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо фаъолияти Департаменти адлияи Ирландия шинос шуд