РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе 5 муколамаи интерактивӣ* баргузор мегардад

Январь 11, 2024 10:08

ДУШАНБЕ, 11.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи барномаи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки моҳи июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе доир мегардад, бо натиҷагирӣ аз барномаи Конфронси таърихии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба захираҳои об, ки моҳи марти соли 2023 дар Ню Йорк баргузор гардид, таҳия шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ҷаласаи нахустини Кумитаи тадорокути Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, 2018-2028», ки 2 январи соли равон таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода баргузор гардид, хабар медиҳад.

Лоиҳаи барномаи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» омода ва пешниҳод гардидааст. Барномаи Конфронси сеюми сатҳи баланд аз маросими ифтитоҳ ва пӯшидашавӣ, форумҳо, ҷаласаҳои пленарӣ ва муколамаҳои интерактивӣ* иборат аст. Дар ҳошияи Конфронси сеюми сатҳи баланд 5 муколамаи интерактивӣ: «Об барои саломатӣ: дастрасӣ ба оби нӯшокӣ, беҳдошт ва гигиена» (WASH)» — «ҳуқуқи инсон ба оби ошомиданӣ ва беҳдошт», «Об барои рушди устувор: арзиши об, робитаи об-энергия-ғизо ва рушди устувори иқтисодӣ ва шаҳрҳо», «Об барои иқлим, устуворӣ ва муҳити зист: аз манбаъ то баҳр, гуногунии биологӣ, иқлим, устуворӣ ва коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ (DRR), «Об барои ҳамкорӣ: ҳамкории фаромарзӣ ва байналмилалӣ оид ба об, ҳамкории байнисоҳавӣ, аз ҷумла, ҳамкории илмӣ ва об дар саросари Рӯзномаи то соли 2030» ва «Даҳсолаи амал оид ба об: тақвият бахшидан ба табиқи ҳадафҳои Даҳсола, аз ҷумла дар доираи нақшаи амали Дабири кулли СММ» гузаронида мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки мавзуъҳои муколамаҳои интерактивии Конфронси сеюми сатҳи баланди Душанбе бо мавзуъҳои муколамаҳои Конфронси Ню Йорк ҳамном мебошанд. Дар панҷ муколамаи интерактивӣ созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳо, аз қабили Иттиҳоди Аврупо, Британияи Кабир, Доминикан, Чин, Ҷопон, Миср, Швейтсария, Сенегал ва Амрико ҳамраисӣ менамоянд.

Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об ва иқлим дар пойтахти мамлакат гузаронида мешавад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

______________

Интерактивӣ*- аз калимаи англисии interaction — “interactive” гирифта шуда, маънояш амали якҷоя, ҳамкорӣ, муколама, табодули ҳамзамон мебошад. Ин мафҳум хусусият ва дараҷаи таъсири мутақобилаи байни объектҳо ё субъектҳоро ошкор намуда, дар ҷаласаҳои сатҳи баланд, назарияи иттилоот, илмҳои компютерӣ ва барномасозӣ, системаҳои телекоммуникатсионӣ, ҷомеашиносӣ, тарроҳӣ, махсусан тарҳрезии мутақобила ва ғайра истифода мешавад.

Он низоми тақсими вақт барои ҳамзамон ё якбора гузаронидани якчанд ҷаласа ва ё барномаҳоро ифода менамояд.

Унсурҳои интерактивӣ ҳама унсурҳои низоми мутақобила мебошанд, ки тавассути онҳо ҳамкорӣ бо дигаре доир мешавад.

 

 

Январь 11, 2024 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
­Аз минбари СММ то «Раванди оби Душанбе»: таъсири ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
БОҶАЙЁМ — МУЖДАРАСОНИ НАВРӮЗ. Дар Бадахшон дар ин давра дар тараддуди ҷашнгирии Иди Наврӯз мешуданд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд